Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол тавсифи 889,45 километри сарҳадро ба анҷом расонидаанд, ки 90% аз хатти умумии сарҳадро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз, 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи кории топографӣ аз ҷониби Тоҷикистон хабар дод.
“Соли 2023 гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон 15 ҷаласа гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои онҳо тавсифи 169,48 километр хатти сарҳади давлатӣ анҷом дода шуд. Ҳамагӣ то имрӯз тавсифи 889,45 километр сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон анҷом дода шудааст”, - шарҳ дод Хоҷазода.
Масофаи умумии сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 987,6 километрро ташкил медиҳад.
Ӯ бо ишора ба он, ки қаблан ҷонибҳо бобати “махфӣ боқӣ мондани мазмуни протоколу ҳуҷҷатҳо дар бораи иҷрои корҳо, қатъиян риоя шудан ва нашри онҳо пас аз розигии ҳарду тараф” ба созиш расида буданд, аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи қитъаҳои мувофиқашудаи сарҳад худдорӣ варзид.
“Ҳама гуна маълумот бо розигии тарафҳо пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, аз намояндагони ВАО хоҳиш мекунам, ки вазъиятро дар ин масъала бифаҳманд”, - изҳор дошт ӯ.
Хоҷазода аз шарҳи маълумоти дар моҳи март имзо шудани созишномаи ниҳоӣ худдорӣ варзида, чунин гуфт: “Мо ҳам хоҳони он ҳастем, ки масъалаи сарҳад ҳарчи зудтар ҳаллу фасл шавад”.
Рӯзи 10-уми январи соли 2024 Ҳакан Фидан, вазири корҳои хориҷии Туркия пас аз вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки имзои созишнома оид ба марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи март таъйид шудааст.
Гуфтушунидҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳади байни кишварҳо аз соли 2022 идома доранд. Аммо ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳои сокинони маҳаллӣ ва низомиёни ду кишвар, аз ҷумла бо истифода аз силоҳи оташфишон шудааст.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста