Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон, пас аз анҷоми сафари давлатиаш ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 17-уми январ, ба Русия сафар кард.
АМИТ “Ховар” менависад, ки Масъуд Пизишкиёнро Маҳмадтоир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва дигар шахсони расмӣ аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоотии давлати Эрон Масъуд Пизишкиён дар идомаи сафари худ бо мақсади дидор бо раисҷумҳури Русия аз Душанбе ба Маскав меравад.
Масъуд Пизишкиён бегоҳи 15-уми январ ба Душанбе ворид шуд. Дирӯз, 16 январ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Масъуд Пизишкиён дидори расмӣ анҷом дод ва байни мақомоти олии Эрону Тоҷикистон 23 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳамчунин бо иштироки сарони давлатҳо ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид, ки зимни он боз 13 санади дигари ҳамкорӣ ба маблағи беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, дар ҷараёни сафари давлатии худ Масъуд Пизишкиён ҳамчунин аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибин Сино дидан кард ва ба ӯ унвони “Профессори фахрӣ”-и ин донишгоҳ тақдим гардид.
Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон маҳфили шеъри Тоҷикистону Эрон бо иштироки шоирону адибони ду давлат, Форуми олимон ва пажӯҳишгарони Тоҷикистон ва Эрон, бозкушоии Пажӯҳишгоҳи фарҳанги тоҷикӣ-форсӣ баргузор шуданд.
Дар бораи ҷузъиёти сафари Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ва дидори ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон дар матлаби “Тоҷикистону Эрон ба ҳам ниёз доранд”. Таҳлилгари тоҷик пасманзари сафари Пизишкиён ба Душанберо шарҳ дод мутолиа кунед.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста