Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар таҷлили Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷавононро ба ҳурмату эҳтироми волидон даъват кард.
Ба гуфтаи президент, бо иллати коста гардидани маънавиёти баъзе ашхос имрӯз шумораи бошандагони хонаҳои пиронсолон дар кишвар зиёд шуда истодааст.
«Баъзе фарзандон анъанаҳои неки милливу мазҳабиамонро зери по карда, аз нигоҳубини падару модаронашон даст мекашанд, волидайни худро ба чунин муассисаҳо месупоранд ва ҳамаи ранҷу заҳматеро, ки падар ё модар барои фарзанд мекашад, фаромӯш карда, бешармона ҳасткунандагони худро хору зор ва бенигоҳубину танҳо мегузоранд. Бе нигоҳубин гузоштани волидайн ва хору зор кардани онҳо бадтарин амали инсонӣ мебошад, ки на ба қоидаҳои ҷомеаи инсонӣ ва на ба фармудаҳои ислом мувофиқат мекунад», - таъкид дошт президент.
Сарвари давлат зикр кард, ки мо бояд на танҳо муҳимтарин анъанаҳои миллиамонро ҳифз намоем, балки онҳоро мунтазам такмил бахшида, ба ҷузъи ҷудоинопазири маънавиётамон табдил диҳем.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки баъди воқеаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар солҳои навадуми асри гузашта соҳаи маорифи кишвар пурра фалаҷ гардида, танҳо дар водии Вахш садҳо муассисаи таълимӣ хароб гардида, садҳо ҳазор ҷилд китобҳои дарсӣ ва бадеӣ, ки дар китобхонаҳои мактабҳо нигоҳдорӣ мешуданд, сӯзонида шуданд. Бо туфайли ислоҳот ва татбиқи барномаҳои давлатӣ то ба имрӯз беш аз 2500 муассисаи таълимӣ аз нав бунёд гардида, ҳазорҳо муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуданд, - гуфт президент. - Инчунин пояҳои моддиву техникии муассисаҳо пурқувват гардонида шуда, технологияҳои муосир ба низоми таҳсилот ворид гардиданд ва масъалаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли ҷашнӣ ба 111 фоиз расонида шуд».



