Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, аз ҷумла ҳукумат дар ин тағйироту иловаҳо пешниҳод мекунад, ки барои гузоштани муҳри махфӣ ба маълумоте, ки дорои сирри давлатӣ нестанд, масъулият ҷорӣ карда шавад.
Қобили зикр аст, ки зимни дастрас кардани маълумот намояндагони ВАО бештар бо ин мушкилӣ дучор мешаванд. Ахиран парвандаи роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидов, парвандаи ширкати «Умед» ва қазияи ҳабси якчанд кормандони воломақоми Агентии зиддифасод беасос махфӣ унвон шуд.
Парвандаи ба ин монанди охир ба капитани милитсия Исломов марбут аст, ки бо автомашинааш наврасро дар Кӯлоб пахш намуда, ба марги ӯ боис гардид, лекин аллакай ду моҳ аст, ки тафтишот ӯро ба ҷавобгарӣ кашида наметавонад.
Ҳамчунин ҳукумат пешниҳод кардааст, ки барои ташкили пойгаҳои ғайриқонунии автомобилронӣ ва иштирок дар онҳо тағйирот ворид гардад.
«Барои гунаҳкорон дар ин амал ҷазои ҷарима дар ҳаҷми аз 12 ҳазору 500 сомонӣ то 15 ҳазор сомонӣ ва маҳрумият аз ҳуқуқи ронандагӣ ба муҳлати ду сол ҷорӣ мешавад», - хабар дод Султонов.
Илова бар ин дар лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани ба ноболиғ додани иҷозати воридшавӣ ба клубҳои шабона, дискоклубҳо, толори букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок, инчунин марказҳои пешниҳоди бозиҳои копютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ низ ҷорӣ шудани ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст.
«Шаклҳои ҷарима ба қонуншиканони чунин меъёрҳо алҳол мавриди таҳия қарор дорад», - илова кард Муҳаммадато Султонов.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста