Муовини якуми раиси ВМКБ бо пешниҳоди раиси нави вилоят ба президент Низом Мирзозода таъйин шудааст.
“Субҳи имрӯз, 12 ноябр, дар як ҷаласаи махсус аз ҷониби мушовири калони бахши Ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар муовини якум Мирзозода Низом Юсуфӣ муаррифӣ шуд”, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси ВМКБ.
Давлатзода Музаффар аз кордонию таҷрибаи муовини якуми навтаъин сухан гуфта, таъкид кардааст, ки ӯ дар ин симмат барои рушду инкишофи вилоят саҳми сазовор хоҳад гузошт.
Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер гуфтааст, Бадахшон имрӯз ба кадрҳои баландихтисос, махсусан, дар соҳаи сохтмон, ниёз дорад.
“Итминон дорем, ки бо таъини чунин шахси кордон соҳаи мазкур вусъати тоза касб менамояд”, - гуфтааст Алишер Мирзонабот.
Шарҳи ҳол
Аз Мирзозода Низом Юсуфӣ ҳамчун кадри соҳаи сохтмон ёдовар мешаванд, ки солҳои зиёд ба вазифаҳои роҳбарии мақомоти сохтмон фаъолият кардааст. Охирин мансаби ӯ дар ин соҳа муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумат буд, ки 13 январи соли 2020 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон озод гардид.
Низом Юсуфӣ 10-уми январи соли 1962 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шуда, дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ аддои вазифа намудааст. Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба ихтисоси муҳандиси сохтмонҳои саноатӣ ва гражданӣ, сиёсатшинос мебошад.
Фаъолияти кории худро аз вазифаи муҳандиси лабораторияи сохтмонии “Кулобдеҳотсоз”-и шаҳри Кӯлоб оғоз намуда, то муовини раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста