Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба амали террористӣ дар Доғистон ба президенти Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.

“Муҳтарам Владимир Владимирович, мо дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори ҳамлаи золимонаи террористӣ дар шаҳрҳои Махачқалъа ва Дарбентро, ки боиси ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоиштаи Федератсияи Русия гардид, бо андуҳи амиқ дарёфтем”, - омадааст дар барқия.

Дар барқия ҳамчунин гуфта мешавад, Тоҷикистон, ки беш аз 30 сол боз бо ҳама гуна зуҳуроти терроризм мубориза мебарад, ин амалкарди ғайриинсонии зӯровариро дар Доғистон қотеъона маҳкум карда, аз ҳамкории фаъолона дар мубориза бо терроризм ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Тоҷикистон ва Русия аъзои онҳо мебошанд, ҷонибдорӣ менамояд.

Дар фарҷоми барқия Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин, наздикону пайвандони фавтидагон ва ба тамоми мардуми Русияи дӯст таслияти амиқу ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хостааст.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 23 июн шахсони номаълум ба як каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва ду калисо (ибодатгоҳи масеҳиён) дар шаҳри Дарбент, ҳамчунин постгоҳи полис дар шаҳри Махачқалъа ҳамла карда, дар натиҷа 17 нафар, аз ҷумла 15 корманди пулис ҳалок шуданд.

Дар ин ҷойҳо реҷаи амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ шуда, дар ҷараёни он чанде аз ҷангиён (ҳамлагарон) кушта шуданд. Маақомоти прокуратура тибқи моддаи 205 КҶ ФР (амали террористӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ин ҳодисаи фоҷаеабор аз 24 то 26 июн дар Доғистон рӯзҳои мотами миллӣ эълон шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.