Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун» президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки гуфтушунидҳо ҷиҳати ба имзо расонидани созишномаи грантӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 650 млн доллар дар арафаи анҷомёбӣ аст.
Созишномаи қарзӣ бо Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) ба маблағи 500 миллион доллар идома ёфта истодаанд.
Ӯ хотиррасон намуд, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд то ба имрӯз созишномаҳои қарзии имтиёзнок бо Бонки исломии рушд ба маблағи 150 млн доллар ва Фонди Саудии рушд ба маблағи 100 млн доллар ба имзо расонида шудаанд.
“Дар баробари ин, қарорҳои мусбат ҷиҳати ҷудо намудани 100 млн доллар аз ҷониби дигар фондҳои арабии рушд, аз ҷумла Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ, Фонди рушди Кувайт, Фонди Абудабӣ ва Фонди амонатӣ ва трастии Италия қабул гардидааст”, - иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Зикр шуд, ки корҳо дар самти ҷалби маблағҳои грантӣ аз Бонки рушди Осиё ва қарзҳои имтиёзнок аз Бонки сармоягузории Аврупо ва Фонди Қатар идома доранд.
Президент таъкид дошт, ки дар маҷмуъ, дар давоми солҳои 2008-2024 ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмону барқарорсозии неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 42,5 млрд сомонӣ маблағ равона намудааст.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки неругоҳи «Роғун» беҳуда иншооти тақдирсози аср эълон нашудааст, зеро он “барои расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодии мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва пешрафту ободии Ватанамон заминаи устувор мегузорад”.
Ба гуфтаи сарвари давлат, тавассути ду агрегати аввали неругоҳ аз солҳои 2018-2019 то имрӯз 7,5 млрд киловатт – соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми ягонаи энергетикии кишвар интиқол дода шудааст.
Ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад.
Мусоидат ба кӯчбастагон аз минтақаи зериобшаванда
Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки аз оғози давраи кӯчонидани аҳолии минтақаи зериобшавандаи неругоҳ «Роғун» то ба имрӯз 3212 оила дар марҳалаҳои якум ва дуюм аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун кӯчонида шудааст.
“Оилаҳои зикршуда ба шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Турсунзода, Роғун ва ҳамчунин, Нуробод кӯчонида шуда, бо манзилҳои нави доимӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шудаанд, - гуфт президент. - Шароити зиндагӣ дар маҳалҳои нави зист, ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматӣ, иншооти ёрирасон ва масъалаҳои иҷтимоии оилаҳо таҳти назорати доимӣ қарор доранд”.
Ба иттилои сарвари давлат, чорабиниҳои дигари омода намудани минтақаи зериобшаванда, яъне кӯчонидани хатҳои интиқоли барқ, таҷзияи зериистгоҳҳо, хатҳои алоқа ва роҳҳо идома доранд. Аз ҷумла дар доираи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод, ки ҳоло бомаром идома дорад, масъалаҳои кӯчонидани роҳҳои минтақаи зериобшавандаи соҳили рост дар ҳудуди шаҳри Роғун ва ноҳияи Нуробод пурра ҳалли худро меёбанд.
“Вобаста ба татбиқи марҳалаи навбатии корҳои сохтмони неругоҳ, хусусан, то сатҳи 1185 метр бардоштани сарбанд ва обгирии обанбор нақшаи кӯчонидани аҳолӣ барои солҳои 2021 – 2025 бояд сари вақт амалӣ карда шавад”, - ишора намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ ба сохторҳои дахлдоре, ки дар раванди корҳои кӯчонидани аҳолӣ иштирок мекунанд, дастур дод, ки “кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи баланд ба роҳ монанд”, аз ҷумла ҷиҳати бо кор таъмин намудани шахсони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, инчунин, ба оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо намудани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста