Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баробари барканории 6 додситони шаҳру навоҳии кишвар, инчунин, Парвиз Орфизода, иҷрокунандаи вазифаи додситони Конибодом, шаҳре, ки бо кушторҳои пайдарпайи мармузаш соли гузашта дар сархати расонаҳо буд, барканор ва ба ҷои ӯ “кадри ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот”-ро таъин кардааст.

Дафтари матбуотии президент хабар дод, ки имрӯз, 9-уми январ, дар баробари тағйироти кадрӣ дар дигар сохторҳо ҳамчунин, дар “ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ” низ тағйироти кадрӣ ба амал овард. Вале то ҳол фармони таъину озод шудани додситонҳо нашр нашудааст.

Манбаъ гуфтааст, ки дар маҷмуъ, додситонҳои шаҳру навоҳии Хоруғ, Конибодом, Турсунзода, Рашт, Фархор, Носири Хусрав, Балҷувон, инчунин прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Бохтару Суғд аз вазифа озод ва ба ҷои онҳо “кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин гардиданд”.

Парвиз Орифзода додситони шаҳри Конибодом, ки ҳамакнун озод шуд, иҷрокунандаи вазифа дар ин мақом буд. Ҳадди ақал дар як паёми шодбошии ӯ, ки ҳукумати шаҳри Конибодом ба муносибати рӯзи қабули Конститусияи Тоҷикистон 3-юми ноябри соли 2024 нашр кард, ӯро ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳри Конибодом муаррифӣ кардааст.

Барои мо маълум нест, ки Парвиз Орифзода кай ба ин мақом таъин шуд. Вале аниқ аст, ки Парвиз Орифзода қаблан ҳамчун додситони ВМКБ кор мекард ва дар моҳи феврали соли 2023 аз вазифа барканор шуда буд.

Парвиз Орифзода

Номи ӯ асосан дар рӯзҳои ҳаводиси соли 2022 дар ВМКБ вирди забони расонаҳо шуд. Парвиз Орифзода дар ҷараёни тазоҳуроти аҳолӣ дар шаҳри Хоруғ ва Рӯшон чанд маротиба тариқи телевизиони маҳаллии “Бадахшон” баромад карда, саркардагони ин ҳаводисро ба бетартибӣ айбдор карда буд.

Ҳоло маълум нест, ки ба ҷои Парвиз Орифзода кӣ додситони ВМКБ таъин шудааст. Ва ҳамин тариқ аниқ нест, ки Орифзода ба ягон мансаб таъин шудааст ё не. Дар аксҳое, ки хадамоти матбуотии президент зимни тағйироти кадрии имрӯза нашр кард, Парвиз Орифзода дида мешавад.

Шаҳри Конибодом соли гузашта дар сархати расонаҳо буд. Дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом, ки аз моҳи марти соли 2024, қариб даҳ моҳ инҷониб идома карда, 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд ва сокинони ин шаҳр дар ҳарос буданд, мақомоти кишвар аз боздошти чор гумонбар хабар доданд.

Пас аз панҷ рӯзи куштори ахир дар Конибодом, 21-уми декабри соли 2024 Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, ки "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда", дар робита ба ин ҳодиса Худойбердиев Солехҷони 26-сола, Тухтаев Аҳадҷони 27-сола, Равшанов Бахтиёри 36-сола,  Одилов Манучеҳри 28-сола боздошт шуданд. Ҳамаи онҳо сокинони ин шаҳр мебошанд.

Додситонии кул гуфт, алайҳи ҳамаи чаҳор боздоштшуда парванда боз шудааст.

“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфт Додситонии кулли кишвар.

Ҳоло маълум нест, ки тафтиши ин парванда ба куҷо расидааст. 

Ҳафтаи гузашта, Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Конибодом Тӯхтасунзода Абдусаломро ҳам аз вазифа озод карда, ба ҷои ӯ Зоҳидзода Даврон, ки то ин дам яке аз муовинони раиси вилояти Суғд буд, таъин кард.

Дар бораи шахсияти боздоштшудаҳо ва назари наздикону пайвандонашон, ҳамчунин, фазои шаҳри Конибодом баъди боздошти онҳо дар ин маводи “Азия-Плюс” хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.