Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 4-уми март як қатор кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва додситонӣ ба вазифаҳои додрас, муовин, раиси додгоҳҳо ва сардори баъзе аз раёсатҳои Додситонии кулл, додситонии бархе шаҳру ноҳияҳо таъин гардидаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтааст.
Хадамоти матбуотии раиси ҷумҳур хабар медиҳад, ки бо фармонҳои алоҳидаи президент “раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судяҳо, раисони суди як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъин гардиданд”.
Ҳамчунин, дар мувофиқа бо президент, додситонҳои шаҳри Норак, ноҳияи Айнӣ, ноҳияи Исмоили Сомон, додситони назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятии Додситони кулли, ин додситон дар вилояти Хатлон ва сардорони як қатор раёсатҳо ва шуъбаи дастгоҳи марказии Додситони кулл “аз ҳисоби кадрҳои ҷавону пуртаҷриба таъин карда шуданд”.
Манбаъ менависад, ки “аксари онҳое, ки имрӯз дар мақомоти судӣ ва прокуратура таъин шуданд, кадрҳои ҷавону корозмуда мебошанд”.

Хадамоти матбуотӣ навиштааст, ки ҳамчунин, дар мақомоти додгоҳи бонувону духтарон ба вазифаҳо таъин шуданд.
“Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 65 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуданд”,-омадааст дар хабар.

Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар назди кадрҳои навтаъиншуда вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
Президент ба роҳбарони масъули соҳаҳо супориш додааст, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба додрасҳо барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ ду сол муҳлат додааст.
Дар Тоҷикистон беш аз 400 додрас амал мекунад, ки онҳо бо фармони президент таъин ва озод мешаванд.
Шикоятҳо дар бораи фаъолияти додрасҳо, махсусан фасодкории онҳо дар ҷомеа кам нест.
Худи Эмомалӣ Раҳмон чанд маротиба аз кори додрасҳо дар кишвар интиқод кардааст. Аз ҷумла, рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар мулоқот бо додрасҳои тоҷик аз фаъолияти онҳо сахт интиқод карда гуфт, ки аз ҳама бештар аз кори онҳо шикоят дастрас мекунанд.
Раисҷумҳур аз ҷиноятҳои додрасҳо, махсусан фасодкорӣ нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, дар 10 соли охир, (2014-2024) нисбати 45 додрас, муовин ва раиси додгоҳ парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ ва онҳо зиндонӣ ё аз сафи додгоҳ ронда шудаанд. Ба таъкиди ӯ, дар ин давра дар маҷмуъ, 107 корманди мақомоти додгоҳӣ даст ба ҷиноят задаанд, ки асосан фасодкорӣ будааст.
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Дар семоҳаи аввали сол ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон кам шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста