Кормандони Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия шаҳрвандони тоҷикеро, ки дар натиҷаи фурӯрезии бинои баландошёна дар шаҳри Маскав осеб диданду дар беморхонаҳо бистарианд, аёдат карданд.
Қаблан хадамоти матбуоти сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар ҳоли ҳозир 8 нафар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон дар шифохонаҳои гуногуни шаҳри Москва бистарӣ буда, айни замон вазъи саломатии чор нафар - Умаров Аслан, Мустафоев Улмас, Эшмуродов Парвиз ва Ашӯров Аслиддин каме вазнин аст. «Вазъи саломатии дигар шаҳрвандони осебдидаи Тоҷикистон қаноатбахшу муътадил аст», - гуфта шуда буд дар хабари сафорат.
Ғайр аз ин, чанде баъдтар иттилоъ дода шуд, ки тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ шахсияти нафари фавтида ҳангоми ҳодисаи ёдшуда рӯшан гардида, он шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бошандаи шаҳри Панҷакент Қушқоров Тулқин Умаралиевич (соли таваллудаш 1994) мебошад.
Ёдрас мекунем, ки шаби 16 ба 17-уми апрели соли равон (тахминан соати 01.40) дар минтақаи ҷануби шаҳри Москва фурӯрезии биное ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 1 нафар фавтид ва беш аз 10 нафар, аз ҷумла 8 шаҳрванди Тоҷикистон осеб диданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Сарраёсати КҲФ дар шаҳри Маскав, фурӯрезии бинои 6-ошёна дар натиҷаи риоя накардани ҷараёни технологӣ зимни баргузор намудани корҳо оид ба бетонрезии бомҳои миёни ошёнаҳо сурат гирифтааст.
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста