Дар раванди баргузории 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар шаҳри Пекини Чин идома дорад, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати Туркия зери роҳбарии муовини вазири корҳои дохилии ин кишвар Мехмет Эрсой дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни сӯҳбат аз шиносоӣ дар чунин ҳамоиши сатҳи баланд изҳори хушнудӣ намуда, зикр карданд, ки Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Туркия дар ҳамкории зич қарор дошта, пайваста ин ҳамкориҳоро дар самтҳои мухталиф инкишоф медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни вохӯрӣ тарафайн оид ба ҳамкориҳои судманди ду мақомот ҷиҳати кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, дастгир ва истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалии «Интерпол» буда ва тақвият додани мубодилаи иттилооти оперативӣ табодули афкор намуданд.
Зикр гардид, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккил ҳамкориҳои ду мақомот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар ин самт чорабиниҳои муштарак амалӣ карда мешаванд.