Вазири мудофиаи Ӯзбекистон генерал-майор Абдусалом Азизов рӯзҳои 11-13 октябр аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ин нахустин сафари вазири мудофиаи ҳамсоякишвар ба Тоҷикистон аст.
Вазири мудофиаи Ӯзбекистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ, ки рӯзҳои 11-13 октябр дар Душанбе доир мегардад, иштирок мекунад. Азизов дар Душанбе ҳамчунин бо раҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар мансабдорони воломақоми сохторҳои қудратии ҳукумат дидору гуфтушунид мекунад.
Абдусалом Азизов моҳи сентябри соли равон вазири мудофиаи Ӯзбекистон таъин шуд. Қаблан ӯ дар мансабҳои вазири корҳои дохилӣ, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, сардори Сарраёсати ВКД дар Тошканд, роҳбари ширкати «Ӯзбекнефтегаз» ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Ҷиззах ифои вазифа кардааст.
Моҳи июни соли равон Абдусалом Азизов ба сифати вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф оварда, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви ИДМ иштирок ва ҳамчунин бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дидору гуфтушунид анҷом дод.
Бино ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 11-13 октябр ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ ташрифи ҳайатҳои Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Украина ба Тоҷикистон дар назар аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста