Генерал- Теренс Маккинен, муовини фармондеҳи Фармондеҳии марказии артиши ИМА, ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо роҳбарони баландпояи Тоҷикистон ва роҳбарияти сафоратхонаи ИМА мулоқот анҷом дод.
Тавре дар иттилоияи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад, дар рафти сафари худ ӯ доираи васеи масъалаҳои амниятиро бо мансабдорони воломақоми Тоҷикистон аз Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилӣ муҳокима намуда, барои ҳамоҳангсозии минбаъдаи артиши ИМА ва Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯриҳои сатҳи олӣ, генерал-майор Маккинен муҳимияти шарикии мазкурро барои дастгирии устувор ва шукуфоии Тоҷикистон қайд намуд.
«Тӯли 20 сол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ба пешрафти назаррас муваффақ шуданд, ки барои таъмини субот ва пешрафти Тоҷикистон ва аҳли минтақа мусоидат намуд, - омадааст дар иттилояи расмӣ. - Кӯшишҳои муштараки ИМА ва Тоҷикистон асосан ба амнияти сарҳадӣ, мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир равона карда шудаанд».
Зимнан зикр мегардад, ки Тоҷикистон шарики муҳим дар Стратегияи Осиёи Ҷанубии ИМА мебошад, ки баҳри такмил додани амнияти минтақавӣ, субот ва шукуфоӣ дар саросари минтақа равона шудааст.
«Ҳамкории ИМА ва Тоҷикистон баҳри дастгирии амният ва субот дар Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Ҷанубӣ идома ёфта, ҳамзамон ба баланд бардоштани затҳи зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард», - зикр мегардад дар маълумот.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста