Дар кори мизи гирди имрӯза дар Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди Президенти Тоҷикистон саҳми назарраси сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар таъмини амнияту субот дар марзҳои ҷанубии ИДМ қайд шуд. Чорабинӣ аз ҷониби МТС дар ҳамдастӣ бо ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» (Дӯстони Русия) созмон дода шуд.
Дар кори мизи гирд олимону коршиносон, мутахассисон оид ба Афғонистон ва минтақа, намояндагони мақомоти давлатии Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ иштирок доштанд, гуфт ба «Азия-Плюс» раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии «Друзья России» Абдулло Ҳабибов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таъкид намудани саҳми бузург ва бебаҳси сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия дар таъмини суботу амният аст.
«Сарони кишварҳо баҳри таъмини амният дар минтақа аз тадбирҳои сиёсиву дипломатӣ, ҳарбиу техникӣ ва тадорукотӣ кор гирифтанд. Масалан, бо ҷойгир кардани пойгоҳи низомии 201-ум имкони ҳарбӣ барои ҳифзи марзи Тоҷикистон ва сарҳадҳои ҷанубии ИДМ таҳким ёфт. Дар робита ба мушкил шудани вазъ дар Афғонистон, ҳозир муҳим будани ин иқдом ба назар мерасад. Ҳамзамон бар асоси ҳусни тафоҳум ва этимоди ҳамдигарӣ дӯстиву ҳамкорӣ ва шарикии ду кишвар дар бисёр соҳаҳо таҳкиму густариш меёбад», - мегӯяд Ҳабибов.
Дар кори мизи гирд ҳамчунин ба масъалаи ҳамкориҳо байни сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсуси ду кишвар дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии байнулмилалӣ, амалиёти тахрибкоронаи гурӯҳҳои тундгаро, ҷинояткории муташаккил ва фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир таваҷҷуҳ зоҳир шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста