Ҳукумати Туркия рӯзи 11-уми ноябр ба истирдоди ҷангиёни қаблан дастгиршудаи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ”, ки шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро доранд, оғоз кард.
“То имрӯз ВКД-и Туркия ба намояндагии дипломатии Анқара дар Душанбе оид ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар зиндонҳои Туркия бо далели узвият дар ДОИШ нигаҳдорӣ мешаванд, маълумот надодааст”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” аз сафорати Туркия дар Тоҷикистон.
Дар намояндагии дипломатӣ таъкид доштанд, ки ҳама гуна маълумоти дар ин хусус ҷойдошта дастраси ҳамагон мешавад.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи огаҳ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки тоҷикистониёни аъзои ДОИШ дар зиндонҳои Туркия нестанд.
“Дар ин масъала мо комилан якдигарро мефаҳмем ва имрӯз дар бораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба далели узвияти ДОИШ дар зиндонҳои Туркия нигоҳ дошта мешаванд, маълумот вуҷуд надорад, - қайд кард манбаъ. - Агар бошанд ҳам, онҳоро пас аз истирдод ба Тоҷикистон мурофиаи додгоҳӣ интизор аст”.
“Аъзои ДОИШ-ро ба кишварҳояшон мефиристем”
Туркия кайҳост масъалаи ба кишварҳояшон фиристодани тахрибкорони ДОИШ-ро ба миён мегузорад.
Тибқи маълумоти Иносми.ру, аз 1172 ҷонибдори ДОИШ, ки дар зиндонҳои Туркия нигаҳдорӣ мешаванд, 750 нафарашон хориҷиянд. Инҳо шаҳрвандони 40 давлат, аз ҷумла, Бритониёи Кабир, Фаронса, Олмон, Шветсия, Швейтсария, Белгия, ИМА, Русия мебошанд.
Баъзе кишварҳо барои баргардонидани шаҳрвандони худ – террористони ДОИШ натанҳо ҳеҷ чорае намеандешанд, балки монеъагузорӣ карда, онҳоро аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мекунанд.
Вазорати адлияи Туркия дар доираи қонунгузории амалкунанда рӯйи он кор мекунад, ки аъзои ДОИШ-и нисбаташон ҳукми ниҳоӣ содиршуда ҷазоро дар кишвари худашон адо кунанд. Ҳамчунин баҳри ба судҳои кишвари худашон додани ҷангиёни хориҷӣ, ки ҳоло ҷазо нагирифтаанд, тадбирҳо андешида мешаванд.
Ёдрас мекунем, тобистони соли 2018 сафири Туркия дар Душанбе Алӣ Рафъат Куксал дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорони тоҷик изҳор дошт, ки дар Туркия ҳеҷ як ҷинояткори аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълоншуда паноҳгоҳ намеёбад.
Сафир таъкид дошта буд, ки ҳамкории имрӯзаи Душанбеи расмӣ бо Анқара дар бисёр бахшҳо, бахусус, дар масоили таъмини амният хеле хуб аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста