Сафорати Тоҷикистон дар Укроин ба рӯйхат кардани шаҳрвандони тоҷике оғоз кардааст, ки мехоҳанд аз Укроин берун бираванд. Ҳамчунин сафорат масъалаи берун бурдани шаҳрвандони кишвар дар сурати заруриро низ баррасӣ мекунад. Дар ин бора Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистону дар Укроин дар суҳбат бо "Азия-Плюс" изҳори назар кард.
Ба гуфтаи сафир, бар пайи вазъияти мавҷуд дар Укроин сафоарти Тоҷикистон дар Киев ба реҷаи кори шабонарӯзӣ гузаштааст.
"Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди Укроин чанд ҳазор нафар ба сар мебаранд, ки Сафорат бо онҳо дар тамоси доимӣ ҳаст. Телефони боварии мо (+380933361040) барои шаҳрвандони Тоҷикистон шабонарӯзӣ фаъол аст",-гуфт назризода.
Бино ба иттилое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дар таркише дар Бориспол рух додааст, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар он ҷо қарор доштаанд, вале ба гуфтаи Давлаталӣ Назризода "дар ин ҳодиса шаҳрвандони Тоҷикистон зарар надидаанд".
"Ба тарсу ҳарос дода нашавед"
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин бо хитоб ба шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, ки "Бо истифода аз фурсат, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Укроин қарор доранд, муроҷиат мекунам, ки ба тарсу ҳарос дода нашавед, ба қадри имкон хӯрокворӣ захира кунед ва дар хона бимонед".
Сафир ҳамчунин дар мавриди вазъи худи шаҳри Киев низ изҳори назар кард.
"Дар ҳоли ҳозир вазъ дар худи Киев нисбатан ором аст. Тамоми ниҳодҳои давлатӣ кор мекунанд. Бино ба иттилои шаҳрдори Киев, дар назар нест дар шаҳр манъи рафтуомад (комендантский час) эълон шавад, аммо санадҳо ва шахсияти афрод санҷида мешавад. Ҳамчунин кори марказҳои дилхушӣ ва маконҳои хӯрокхӯриҳои ҷамъӣ маҳдуд карда мешавад. Скоинони Киев ва меҳмонони пойтахт бояд ҳамеша бо худ санади тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд",- таъкид кард Назризода.
Назризода гуфт, ки аллакай ҳама иншооти зерсохтии ҳаётӣ таҳти назорат гирифта шудаанд. Нигаҳбонӣ шиддат бахшида шудааст ва дастрасӣ ба ҳама ниҳодҳои давлатӣ маҳдуд карда шудааст. Дар тамоми роҳҳои вурудӣ ба шаҳр кори нуқтаҳои назоративу гузаргоҳӣ дар назар гирифта шудааст. Назарти махсус дар фурудгоҳҳо ва вокзалҳо дар назар гирифта шудааст.
Дар сафорати Тоҷикистон ҳамчунин ба "Азия-Плюс" гуфтаанд, ки дар бораи теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Укроин ба таври иловагӣ хабар медиҳанд.
Бояд гуфт, ки қабл аз ин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як муроҷиатнома ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Укроин қарор доранд, даъват кард, ки ба муқаррароти ситодҳои фаврии ин кишвар гӯш диҳанд, оромияшонро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон аз хонаҳояшон берун нараванд.
""Бинобар аз ҷониби мақомоти Укроин аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Укроин қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои фавриро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд”, - гуфта мешавад дар сомонаи ин ниҳод.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста