Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия аз ҷониби роҳбарони ин мақомот Рамазон Раҳмимзода ва Владимир Колоколтсев созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, дар бораи ҳамкории мақомот дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории трансмиллӣ, терроризму экстремизм, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, криминалистика, бақайдгирии ҷиноятҳои шаҳрвандони ҳарду кишвар дар минтақаҳои маъмурии Тоҷикистону Русия, дастгиркунии ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда созишномаҳо ба имзо расиданд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар самти мубориза бо киберҷиноятҳо бо истифода аз антитехнологияҳои муосир, азонихудкунӣ ва тасарруфи маблағҳои электронӣ, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар самтҳои соҳаи низму тартибот, ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва моликияти онҳо дар санади ҳуқуқӣ созишномаҳо имзо шуданд, ки бояд марҳила ба марҳила дар амал татбиқ шаванд.
Сардорони Раёсатҳои оперативӣ, тафтишоту таҳқиқ, хадамотҳои криминалистӣ, алоқа ва дигар шахсони масъул аз ҷониби Вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Русия вазифадор шуданд, ки барои тадбиқи барномаҳои қабулгардида сайъ намоянд.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, Владимир Колоколтсев изҳор дошт, ки давоми соли гузашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави Русия зиёда аз 270 нафаре, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пинҳон мешуданд, муайян карда шудаанд.
Ӯ хусусияти пурмаҳсули ҳамкории мақомотро бо фаро гирифтани ҳамаи соҳаҳои асосии фаъолият зикр намуда, изҳор дошт, ки дар самти огоҳӣ, пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои ҷиноӣ, гузаронидани амалиёти оперативӣ ва пешгирикунанда таҷрибаи назарраси амалӣ андӯхта шудааст.
“Дар натиҷаи чорабиниҳои ҳамоҳангшуда дар семоҳаи гузашта ва аввали соли ҷорӣ пулиси Русия беш аз 270 нафарро ошкор кард, ки аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пинҳон шуда буданд”, - гуфт вазир.
Колоколтсев ҳамчунин дар бораи пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои махсусан вазнин нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон изҳори назар кард.
"Моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав як гурӯҳи ҷиноӣ, ки асосан аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат буд, як ҳамватани худро рабуда, бо таҳдиди зӯроварӣ маблағи калон тамаъҷӯӣ мекарданд. Моҳи апрел як амали ба ин монанд бо таҳдиди истифода аз силоҳ ва зӯроварӣ нисбати як сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Маскав муваққатан ба қайд гирифта шудааст, содир гардида буд. Ҳар ду ҷиноят ошкор гардида, ҷинояткорон боздошт ва барои ҷустуҷӯи шарикони онҳо чораҳо андешида шуданд», - таъкид дошт ӯ.
Колоколтсев ҳамчунин зикр кард, ки таблиғи ифротгароии мазҳабӣ, бахусус миёни ҷавонону муҳоҷирони корӣ ва ҳимояти молиявиии нерӯҳои тахрибкор хатарҳоро ба вуҷуд меорад.
Зимни вохӯрӣ иштирокчиён инчунин фаъолияти шӯъбаҳои криминалистии вазоратҳоро баррасӣ намуданд.
Колоколтсев изҳори итминон кард, ки ҷаласаи ҳайати мушовара ба дарёфти захираҳои иловагӣ имкон дода, оид ба беҳтар намудани сифати фаъолияти муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тадбирҳо муайян карда мешаванд, ки ба рушди муносибатҳои дуҷониба такони нав мебахшанд.
Ёдрас мекунем, ки ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия рӯзҳои 5 ва 6 июн дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор шуд.