Вазорати иттилооти Эрон бо нашри иттилоия ҷузъиёти таркиш дар Кирмонро эълон карда, гуфт, таҳиягар ва ду иштирокчии он шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд. Иттилое, ки то ҳол мақомоти Тоҷикистон таъйид накардаанд.
Ба иттилои манбаъ, таҳиягари таркиш як тоҷикистонӣ, бо номи мустаори “Абдуллоҳи тоҷик” ва номи дигарӣ Бозоров Исроил Амонуллоевич будааст.
Вазорати иттилооти Эрон иддао кардааст, ки “Абдуллоҳи тоҷик” рӯзи 28-уми декабри соли 2023 ба таври ғайриқонунӣ ва аз ҷониби қочоқчиёни маҳаллӣ ҳамроҳ бо як зан ва як кӯдак тавассути марзҳои ҷанубу шарқӣ ба вилояти Кирмон ворид шуда, дар як хонаи иҷора маскан гирифтааст. Баъд аз сохтани василаи таркиш, ду рӯз пеш аз рух додани ҳодиса, Эронро тарк кардааст.
Ҳувияти яке аз ду нафари муттаҳамон ба таркиш муайян шудааст ва аз ӯ Бозоров Исроил Амонуллоевичи 24-сола ва шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда мешавад.
“Номбурда тавассути “Telegram” ба сафи ДОИШ* ҷалб гардидааст. Моҳҳои ахир ин бомбгузори маргталаб ба шаҳри Вани Туркия рафта ва пас аз он бо кумаки қочоқбарони воқеъ дар марзҳои ғарбӣ ва шарқии ин кишвар бо убур аз Эрон ба Афғонистон рафт. Дар он ҷо ба урдугоҳи гурӯҳи террористии ДОИШ дар вилояти Бадахшон пайваста, таълимоти такфирии ДОИШ-ро омӯхта ва тамринҳои гуногуни амалиётӣ ва террористӣ гирифта ва пас аз чанд моҳ ба Эрон фиристода шуд”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати иттилооти Эрон.
Дар идома афзудааст, ки ӯ “аз марзи Каллегони шаҳри Саравон тавассути қочоқчиёни маҳаллӣ вориди кишвар шуда, пас аз гузаштан аз шаҳрҳои Хаш, Эроншаҳр ва Ҷирофт дар ниҳоят ба ҳамин манзили Кирмон рафта, ба террористи дар боло зикршуда (“Абдуллоҳи тоҷик”) пайвастааст”.
Дар бораи ҳувияти муттаҳами дуввум мушаххасан маълумоте надода, фақат гуфтааст, “нишондодҳои муҳиме ба даст омадаанд, ки пас аз дарёфти ҷузъиёти пурра эълон хоҳанд шуд”.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилии Эрон мегӯяд, яке аз муттаҳамон тоҷик буда ва “ба эҳтимоли зиёд дувумӣ низ тоҷик аст”.
То кунун дар вилоятҳои Кирмон, Систон, Балуҷистон, Хуросони Разавӣ, Исфаҳон, Теҳрон ва Озарбойҷони Ғарбӣ 35 нафар боздошт шудаанд.
Тоҷикистон то ҳол расман ба ин қазия вокуниш нишон надодааст.
Дирӯз аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки барои муайян кардани шахсияти “як зодаи Тоҷикистон”, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, дар таркише дар Кирмон муттаҳам мешавад, ба ниҳоди дахлдори Эрон ёддошт равон карданд ва интизори посух ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар пайи таркише, ки нимаи дуюми рӯзи 3-юми январ дар наздикии оромгоҳи фармондеҳи Нерӯҳои таъиноти махсуси “Ал-Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон генерал Қосим Сулаймонӣ, дар музофоти Кирмони Эрон, содир шуд, 89 нафар кушта ва садҳо нафар захмӣ шудаанд.
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Мақомот мегӯянд, ба оилаҳои зарардидаи Рашту Тоҷикобод масолеҳи сохтмонӣ фиристоданд
Бинои истиқоматии муҳташам дар ноҳияи Рӯдакӣ. Он чӣ тавр бунёд мешавад?
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар “дуздии барқ"-ро ташвишовар хонда, аз таъини ҷазо барои ин кирдор ёдовар шуд
Ихроҷи қариб 50 паноҳҷӯи дигари афғонистонӣ аз Тоҷикистон. Далели ихроҷро касе шарҳ намедиҳад
Боздошти боз як мубаллиғи ҷанги Русия аз сӯйи Қирғизистон. Посухи Бишкек ба “рейд”-и таҳқиромези мақомоти рус?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста