Русия бо ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон* ва бар фарози сафорати Иморати Исломии Афғонистон дар Маскав барафрошта шудани парчами он муҳимтарин дастоварди дипломатии ин гурӯҳро пас аз бозгашти дуборааш ба қудрат фароҳам кард.

Дар марҳилаи нахусти ҳукумати Толибон (1996-2001) аввалин кишваре, ки онро ба расмият шинохт, Покистон буд. Ҳоло дар марҳилаи дуввуми ҳукумати Толибон Русия гӯи сабқат аз Шарқу Ғарб рабуда, ба сурати расмӣ ё деюре Иморати Исломии Афғонистонро шинохт. Оё ин иқдом, ки эҳтимолан бо ҳадафи нақшофаринии фаъоли Маскав дар Осиёи Ҷанубӣ анҷом шудааст, қодир ба ҷуброни нокомии Русия дар Осиёи Ғарбӣ (Сурия) хоҳад буд? Ба ин пурсиш посухи қатъӣ наметавон дод, зеро кишварҳое, ки саҳму нақши Русияро дар Сурия ба ҳадди ақал расонданд, дар Осиёи Ғарбӣ ва бахусус дар Афғонистон низ нақши таъйинкунанда доранд.

 

Бозии хатарноки машруъиятбахшӣ ба ифротиҳо

Вокунишҳои ИМА ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба ин иқдоми Русия комилан манфист. Агарчӣ онҳо зимни интиқод аз Маскав ба саркӯбгарии Толибон ва нодида гирифтани ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳуқуқи занон, таъкид кардаанд, аммо худашон дар ҷойи дигар иқдоми мушобеҳеро анҷом доданд. Масалан, дар моҳи майи соли 2013 ИМА номи раҳбари кунунии Сурия Аҳмад Аш-Шаръро ба феҳристи “террористҳои фавқулъода хатарнок” ворид ва дар соли 2017 барои маълумоте, ки ба боздошти вай кумак кунад, ҷоизаи 10 миллион долларӣ эълон карда буд. Аммо пас аз он ки дар моҳи декабри соли 2024 Аҳмад Аш-Шаръ бо ғасби Димишқ дар курсии раиси ҷумҳури Сурия Башор Асадро иваз кард, як ҳайати ИМА бо вай дидор кард ва хабар дод, ки ҷоизаи марбут ба боздошташро лағв ва номи гурӯҳи зери роҳбарии ӯ - “Ҳайат Таҳрир аш-Шом”-ро аз феҳристи созмонҳои террористӣ хориҷ кардааст. Сипас дар моҳи майи соли ҷорӣ Доналд Трамп дар Арабистони Саудӣ бо Аҳмад Аш-Шаръ мулоқот кард ва ӯро “Писари ҷавон ва ҷаззоб” ва “як раҳбари воқеӣ” номид.  Ба якборагӣ собиқаи ҳузури пурранги вай дар чандин созмони хатарноки террористӣ ба боди фармӯшӣ супурда шуд...

 

Қосим Бекмуҳаммад

Нуктаи нигаронкунанда ин аст, ки машруъияти сиёсии созмонҳои ифротӣ ва террористӣ бо манфиатҳои қудратҳо ва бархе аз кишварҳои фаъол дар минтақаҳое монанди Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Ғарбӣ (Ховари Миёна) гиреҳ хурдааст. Вақте қудратҳо ва кишварҳо бо созмонҳое, ки собиқаи фаъолияти густардаи террористӣ доштаанд, дар масъалаи ба расмият шинохтани онҳо вориди музокира мешаванд, ҳама гуна меъёрҳои ҳуқуқи башарро зери по мегузоранд ва фақат манофеи геополитикӣ, амниятӣ ва иқтисодии худро дар авлавият қарор медиҳанд. Ҳосили чунин рӯёкарди қудратҳо боиси эҷоди ангезаи ҷараёнҳои ифротӣ дар минтақаҳои гуногуни дунё мешавад: Яъне агар бахше аз кишвар ё бештари қаламрави онро бо зӯр таҳти назорати худ қарор диҳед ва сипас “тағйир” ёфтану “муътадил” шуданатонро ба намоиш гузоред, ҳатман ба зудӣ тарафи гуфтушунид қарор мегиред ва дер ё зуд ба расмият шинохта мешавед.

Чунин рӯйкард улгусозии (моделсозии) расидан ба қудратро мемонад, ки натиҷаи он дилгармии бештари созмонҳои ифротӣ ба истифодаи зӯр, саркӯби ҳокимиятҳои қонунӣ, низомҳои секулор ё дунявӣ ва ба зуболадони таърих андохтани арзишҳое монанди ҳаққи мардум ба интихоб, мушорикати сиёсӣ ва озодиҳои маданӣ дар кишварҳо ва ҳатто минтақаҳои ҷудогона мебошад.

Чӣ касе замонат медиҳад, ки чунин созмонҳо пас аз ба расмият шинохта шудан ва таҳкими қудраташон дубора масири ифротият, хушунат ва судури терроризмро напаймоянд? Кадом василаву абзорҳои тазмини бознагаштанашон ба истифода аз зӯр ва хушунат дар назар гирифта шудааст? Зоҳиран посухи ин пурсиш зиёд муҳим нест, балки муҳимтар аз ҳама он аст, ки чунин гурӯҳҳо манфиатҳои ин ё он қудрат ё кишвари ҳомиашонро дар назар гиранд ва амалан нақши неруи ниёбатии онҳоро иҷро кунанд. Истифода аз чунин гурӯҳҳои ифротӣ дар рақобати геополитикии миёни қудратҳо ва имтиёз додан ба онҳо барои ба даст овардани машруъияти сиёсӣ метавонад ба сохторманд шудани ҳарҷу марҷ ва бозтавлиди пайваставу мудовими бесуботӣ анҷомад.

 

Нуфузи Русия дар Афғонистон

Оё пас аз ба расмият шинохтани Толибон нуфузи Русия дар Афғонистон бештар ва нуфузи ИМА ва кишварҳои ғарбӣ камтар хоҳад шуд? Гумон намеравад, ки дар шароити таҳти таҳримҳои шадиди хориҷӣ ва ҳазинаҳои ҳангуфти ҷанги Украина қарор доштани Русия чунин иттифоқе биафтад. Гузашта аз он барои Толибон риояи сиёсати тавозуни байни Ғарбу Шарқ муҳим буда, шарики бечунучарои ҳеч қудрате дар муқобили қудрати дигар нахоҳад шуд. Балки Толибон аз равобити худ бо ҳар ҷонибе, ки ба нафъаш бошад, истиқбол хоҳад кард.

 

Дастфишории Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо ҳамтои толибаш ва ҳайати ҳамроҳони ӯ дар Маскав
Намогирифт

Бинобар ин, ба расмият шинохта шудани Толибон аз сӯи Русия ба маънои фосила гирифтан ин гурӯҳ бо ИМА набуда, балки аз ин фурсат барои таҳкими ҷойгоҳи байналмиллалии худ ва ба унвони абзори водоштани Вашингтон ба гуфтугӯҳои натиҷаовартар истифода хоҳад кард. Толибон ба ҳеч ваҷҳ ИМА-ро, ки аз августи 2021 то кунун муҳимтарин кумаккунандаи молии Афғонистон аст, аз даст додан намехоҳад. ИМА аз августи 2021 то поёни 2024 беш аз 3 миллиард доллар кумаки башардӯстона ва кумак барои рушд ба Афғонистон анҷом додааст, ки дар қиёс бо он ҳаҷми кумакҳои Русия бисёр маҳдуд мебошад.

Шояд ба расмият шинохтани Толибон тавассути Русия мумкин аст то ҷое боиси коҳиши нуфузи кишварҳои ғарбӣ, бавижа ИМА, дар заминаҳои амниятии Осиёи Марказӣ шавад, зеро пас аз ин иқдом дигар Маскав  Толибонро “таҳдид” намедонад. Аммо ҳамзамон Русия аз фурсати истифода аз ривояти амниятии “хатари Толибон”, ки солҳо бар он таъкид дошт ва аз ҷумла далели ҳузури низомии хешро дар минтақа бо он тавҷеҳ мекард, маҳрум шуд. Бояд дид, ки аз ин пас бар таҳдиди чӣ гурӯҳҳои мавҷуд дар Афғонистон тамаркуз хоҳад шуд. Муҳимтар аз ҳама, оё наздикии сиёсии Русия бо Толибон боиси пешгирӣ ё маҳори таҳдидоти террористӣ аз хоки Афғонистон ба Осиёи Марказӣ хоҳад шуд?

 

Ғарб танҳо умеди мухолифони Толибон

Русия ба далели он ки Толибон қудрати воқеӣ буда ва бар тамоми қаламрави Афғонистон тасаллут дорад, онро ба расмият шинохт ва ҳатто муттаҳиди худ дар заминаи мубориза бо терроризм низ хонд. Ба расмият шинохтани Иморати Исломии Афғонистон аз сӯи Русияро метавон ба маънои худоҳофизӣ бо мухолифони Толибон донист, ки Маскав борҳо аз онҳо мизбонӣ карда буд. Пас ташкили ҳукумати фарогир аз ақвому гурӯҳҳои сиёсӣ, ки Русия қаблан бар он таъкид дошт, шояд дигар барояш аҳамияти чандоне надорад. Агар дар ҳақиқат чунин аст, пас Толибон ба дурустии сиёсати худ бовари бештаре ҳосил намуда, намояндагони ақвоми ғайрипаштунро аз қудрат дур нигоҳ доштаву ҳуқуқи занону духтаронро боҷуръаттар поймол  хоҳад кард.

Шояд акнун мухолифони Толибон беш аз гузашта ба ИМА ва кишварҳои аврупоӣ умед банданд. Бавижа агар Толибон ба Русия,  Чин ва Эрон имтиёзоте диҳад, ки боиси тақвияти ҷиддии нақшашон дар Афғонистон шавад, истифода аз корти мухолифони Толибон ва вориди саҳна кардани онҳо аз эҳтимол дур нахоҳад буд. Маҳз ба ин далел, ки ҳеч як аз қудратҳо ва кишварҳои асаргузор, бахусус ИМА, аз мухолифони Толибон ҳимояи мустақим надоштанд, нақши онҳо дар дохили Афғонистон назаррас набуд. Ҳоло агар чунин иттифоқе рух диҳад, вазъияти дохилии Афғонистон мумкин аст каму беш тағйир кунад.

 

Толбион зимни нишасти матбуотие дар Маскав
AFP

Кишварҳое, ки шояд Толибонро эътироф кунанд

Мумкин аст дар оянда берхе аз кишварҳо бо дар назар гирифтани манфиатҳои гуногун, аз ҷумла геополитикӣ, низомӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ Толибонро ба расмият шиносанд.

Чин бо вуҷуди истиқбол аз иқдоми Русия, шояд пас аз фосилае, бахусус бо таваҷҷуҳ ба манфиатҳои амниятӣ (маҳор кардани гурӯҳҳои террористии мавҷуд дар Афғонистон, бахусус “Туркистони Шарқӣ” ва густариши ҳузур ва нуфузи ИМА дар Афғонистон) ва инчунин иқтисодии худ (сармоягузорӣ дар бахши истихроҷи маъданҳо) Толибонро расман эътироф кунад.

Эҳтимоли ба расмият шинохта шудани Толибон тавассути Покистон низ аз имкон берун нест, зеро аз замони по ба арсаи ҳастӣ гузоштани Толибон бузургтарин шарик ва ҳомии он Покистон будааст. Барои Покистон маҷмуи омилҳои ёдшуда, бахусус идеологӣ, муҳим мебошад. Шояд дар сурати нармиши Толибон дар масъалаи ҳимоят аз Таҳрики Толибони Покистон замина барои ба расмият шинохтани ҳукумати кунунии Кобул фароҳам шавад. Ин иттифоқ метавонад нақши Исломобод дар масоили Афғонистон ва минтақаро пуррангтар кунад.

Дар ин масъала шояд Қатар ва Имороти муттаҳидаи Арабӣ низ пешқадамтар аз дигар кишварҳои араби Халиҷи Форс шаванд. Аммо Эрон бо вуҷуди доштани робитаҳои нисбатан наздики иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Толибон (3 миллиарду 366 миллион доллар дар соли 1403 ҳиҷрии шамсӣ – аз 21 марти 2024 то 21 марти 2025), ба эҳтимоли зиёд ба ин зудиҳо иқдом барои ба расмият шинохтани Толибон нахоҳад кард.

Албатта, Эрон ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори тақвият шудани ҳузури ИМА ва кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон нест ва яке аз ангезаҳои ҳамкорӣ бо Толибон низ ҳамин аст. Дар канори ин, барои Эрон масъалаи амнияти марзҳои шарқӣ, муҳоҷирати ғайриқонунии афғонистониҳо, қочоқи маводи мухаддир, ҳақобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманди Афғонистон муҳим аст. Гузашта аз ин ҳама, Эрон ҳамчунон бар зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон таъкид дорад. Гумон намеравад, ки Эрон бидуни касби имтиёзоти мавриди назар ҳукумати Толибонро расман бишиносад.

Вокуниш нишон надодани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқдоми Русия барои ба расмият шинохтани Толибон далели он аст, ки дар ин замина онҳо бо эҳтиёт ва бо дар назар гирифтани ҳама ҷонибҳои масъала (махсусан мавқеъгирии бозигарони муҳимми арсаи байналмиллалӣ ва СММ) ва бидуни дар мадори сиёсати хориҷии дигарон қарор гирифтан иқдом хоҳанд кард. Дар миёни кишварҳои минтақа шояд Туркманистон ба далели сиёсати бетарафии мусбат дар қиёс бо дигарон аз имкони зудтар ба расмият шинохтани Толибон бархурдор бошад ва камтар таҳти фишори кишварҳои ғарбӣ ба иттиҳоми “пайравӣ аз Маскав” қарор гирад.

Хулоса, ба расмият шинохтани Толибон аз ҷониби Русия як иқдоми бебокона ва ҳамзамон пурчолиш аст. Он метавонад муҳосиботи геополитикиро дар минтақа тағйир диҳад, аммо ҳамзамон меъёрҳои байналмилалиро низ зери суол барад. Пурсише, ки посухаш ҳанӯз рӯшан нест, ин аст, ки оё чунин тасмими дипломатӣ дар ниҳоят қодир ба таъмини субот хоҳад буд ё ангезаҳои тозае барои афзоиши ифротият фароҳам хоҳад кард?

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.