Ҳар як сокини Тоҷикистон дар як рӯз ба ҳисоби миён 4460 литр об сарф мекунад, ки 3,7 баробар аз нишондиҳандаи ҷаҳонӣ зиёдтар аст. Дар кишварҳои ҳамсоя вазъияти марбут ба сарфи об боз ҳам шадидтар мебошад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба нишондиҳандаи миёна дар саросари ҷаҳон чандин бор зиёдтар ба ҳар сари аҳолӣ об истифода мекунанд. Тибқи маълумоти Worldometers, нишондиҳандаи ҷаҳонӣ ҳудуди 1190 литр дар як рӯзро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар минтақа ин нишондиҳанда ба натиҷаҳои рекордӣ мерасад.

Пешсаф Туркманистон буда, истифодаи ҳамарӯзаи он ба зиёда аз 15 445 литр ба 1 нафар мерасад ва ин ба обёриии бузургмиқёси заминҳои кишти пахта вобаста аст. Дар Ӯзбекистон ин нишондиҳанда зиёда аз 4778 литр, Тоҷикистон - 4460 литр, Қирғизистон - 4153 литр ва Қазоқистон - 3397 литрро ташкил медиҳад.

Ҳатто дар Афғонистон (2760 литр) сатҳи он ду баробар зиёдтар аз нишондиҳандаи миёна дар ҷаҳон аст.

Барои муқоиса: дар Фаронса ва Олмон нишондиҳанда дар як рӯз аз 1500 литр поинтар ва дар баъзе кишварҳои африқоӣ - камтар аз 200 литр мебошад.

Чаро Осиёи Марказӣ ин қадар об масраф мекунад?

Масрафи баланди об дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бо иқтисоди дорои хусусиятҳои бештар ба кишоварзӣ майлдошта марбут аст, ки дар он то 80–90% об барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, асосан барои обёрии заминҳои пахтакорӣ ва ғалладона сарф мешавад.

Зерсохтори кӯҳнаву фарсудашуда низ нақши назаррас дорад: самаранокии пасти низомҳои обёрӣ ба талафоти зиёди об дар наҳрҳо (каналҳо) оварда мерасонад.

Вобастагии як қатор кишварҳо ба маҷрои оби фаромарзӣ омили муҳим маҳсуб меёбад. Ин мушкил бештар дар Туркманистон ва Ӯзбекистон ба назар расида, мутаносибан 97% ва 80%-и-и захираҳо аз берун ворид мешаванд.

Нобаробарии миқдори боришот низ нақши худро дорад: агар дар Тоҷикистон сатҳи миёнаи солонаи он 691 мм-ро ташкил диҳад, пас дар Туркманистон он ҳамагӣ ба 161 мм баробар буда, ба тақсимоти нобаробари об ва тақвияти сарборӣ ба захираҳои мавҷуда боис мегардад.

Акси марбута аз Asia-Plus

Захираҳои оби Тоҷикистон: мухолифати таъмин будан ва норасоӣ

Тоҷикистон ба сафи кишварҳои дорои миқдори боришоти нисбатан баланди минтақаи Осиёи Марказӣ шомил аст - ба ҳисоби миёна 691 мм дар як сол. Захираҳои барқароршавандаи об 22 млрд метри мукаабро ташкил медиҳанд, аммо аз панҷ як ҳиссаи он (аз хориҷа ворид мешавад), ки кишварро ба маҷрои оби фаромарзӣ вобаста месозад.

Ҳаҷми умумии масрафи об дар як сол ба 11,5 млрд метри мукааб мерасад, ки ба ҳисоби ҳар як сокин тақрибан 4460 литр дар як рӯз рост меояд — ин нишондиҳанда чандин маротиба аз миёнаи ҷаҳонӣ бештар аст. Бо вуҷуди ин, 26,2% аҳолӣ ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд, ки сатҳи баландтарин дар миёни кишварҳои минтақа аст.

Мушкилоти асосӣ фарсудагии инфрасохтор ва нобаробарии дохилӣ дар тақсими захираҳои об мебошанд, ки барои рушди устувори кишвар мушкилоти ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Қазоқистон: боришоти маҳдуд ва кишоварзӣ истифодабари асосӣ

Қазоқистон ба кишварҳое мансуб аст, ки захираҳои обии маҳдуд доранд: бо сатҳи миёнаи боришот дар ҳаҷми 250 мм дар як сол, захираҳои таҷдидшаванда 108 млрд арзёбӣ шуда, аз ин миқдор 40,6% аз хориҷ ворид мешавад.

Ҳаҷми истифодаи солонаи об тақрибан 22,8 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди он дар соҳаи кишоварзӣ масраф мегардад. Бо вуҷуди ин, 7,1% аҳолии кишвар ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд.

Омилҳои асосии хавф барои кишвар вобастагӣ аз давлатҳои ҳамсоя ва хатарҳои иқлимӣ ба шумор мераванд.

Қирғизистон: дарёҳои серобу мушкилоти дастрасӣ

Қирғизистон сатҳи нисбатан баланди боришот — 533 миллиметр дар як сол дорад ва захираҳои обии он 24 млрд метри мукааб аозёбӣ мешаванд, ки қариб пурра дар дохили кишвар ташаккул меёбанд (вобастагӣ аз манбаъҳои беруна ҳамагӣ ба 1,1%  баробар аст).

Акси марбута аз Asia-Plus

Ҳаҷми истифодаи солонаи об тақрибан 8 млрд метри мукаабро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби ҳар як сокин 4153 литр дар як рӯз рост меояд. Бо вуҷуди ин, 10% аҳолӣ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳӣ, ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд.

Вазифаи асосӣ барои Қирғизистон таъмиру навсозии низомҳои таъминоти об ба шумор меравад.

Туркманистон: харҷи зиёду дастрасии кам

Туркманистон яке аз хушктарин кишварҳои минтақа ба шумор меравад: бо сатҳи миёнаи ҳамагӣ 161 мм боришот дар як сол, захираҳои таҷдидшаванда 25 млрд метри мукаабро ташкил медиҳанд, аммо 97% аз ин ҳаҷм аз хориҷ, асосан аз рӯди Амударё ворид мешавад. Ҳаҷми умумии истифодаи солона ба 27,9 млрд метри мукааб мерасад, ки ба ҳисоби ҳар як сокин 15 445 литр дар як рӯз рост меояд. Ин нишондиҳандаи рекордӣ барои минтақа маҳсуб меёбад.

Дар ҳамин ҳол, 39,6%-и аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ надоранд.

Самарнокии хеле пасти низомҳои обёрӣ ва вобастагии шадид аз манбаъҳои беруна хавфҳои асосӣ боқӣ мемонанд.

Ӯзбекистон: пахта ва норасоӣ — мушкилоти асосӣ барои захираҳои обӣ

Миқдори боришот дар Ӯзбекистон ба ҳисоби миёна 206 мм дар як сол ва захираҳои барқароршавандаи об 49 милрд метри мукаабро ташкил медиҳанд, аммо 80,1%-и онҳо дар берун аз марзҳои кишвар ташаккул меёбанд.

Ҳаҷми солонаи истеъмоли об ба зиёда аз 54,5 млрд метри мукааб мерасад, ки баландтарин нишондиҳанда дар Осиёи Марказӣ аст. Ба ҳисоби ҳар як сокин 4778 литр об дар як рӯз рост меояд, вале 12,7% аҳолӣ аз дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар маҳруманд.

Акси марбута аз Asia-Plus

Мушкилоти асосӣ ба вобастагӣ аз дарёҳои фаромарзӣ, норасоии захираҳо ва ифлосшавии манбаъҳои об марбутанд.

Барф дар Осиёи Марказӣ тезтар об мешавад

Давоми 30 соли охир масоҳати пиряхҳои Осиёи Марказӣ аз чор як ҳисса кам шудааст ва нисбат ба оғози аср қабати барф дар кӯҳҳо 30–40 рӯз камтар боқӣ мемонад. Ин вазъ барои таъмини об дар тобистон хавфҳои ҷиддӣ ба бор оварда, эҳтимоли обхезиҳо дар фасли баҳорро зиёд мекунад.

Дар форум оид ба пайгирӣ (мониторинг)-и пиряхҳо, ки рӯзи 17-уми сентябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, корманди илмии Маркази таҳқиқоти илмҳои геологии Олмон Аброр Ғафуров таъкид намуд, ки хатари асосӣ коҳиш ёфтани қабати барф аст:

“Барф манбаи асосии об дар минтақа мебошад. Агар пиряхҳо то 20%-и маҷрои дарёҳоро таъмин кунанд, саҳми барф зиёда аз нисфи тамоми захираи обро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, маҳз коҳиши қабати барф бузургтарин мушкил барои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад”.

Олимон аз низомҳои нави рақамии пешгӯӢ, аз ҷумла платформаи MOCSMART ва усулҳои «илми шаҳрвандӣ» истифода мебаранд, то ки дақиқии маълумот дар бораи захираҳои обро беҳтар созанд. Бо вуҷуди ин, Ғафуров таъкид кард, ки бе идоракунии доимӣ, дар даҳсолаҳои наздик об дар минтақа метавонад ба объекти рақобати шадид табдил ёбад.

Пиряхи Ванҷях (Федченко)
Акс аз Акмал Усмонов

Тағйирёбии иқлим ва таҳдиди Арали нави

Хавфҳои асосӣ дар Осиёи Марказӣ бо тағйирёбии иқлим вобастаанд: то миёнаи аср тақрибан нисфи пиряхҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд коҳиш ёбанд, ки ин боиси камшавии ҷараёни оби Амударё ва Сирдарё мегардад.

Дар шароити афзоиши аҳолӣ фишор ба захираҳои маҳдуд боз ҳам зиёд мешавад, ки метавонад ба такрори сенарияи баҳри Арал оварда расонад, вақте ки таҳти хатар на танҳо бахши кишоварзӣ, балки низомҳои таъминоти оби нӯшокӣ низ қарор мегиранд.

Осиёи Марказӣ аллакай ба шумори бузургтарин истеъмолкунандагони об дар ҷаҳон аз рӯи ҳар сари аҳолӣ дохил мешавад, вале бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ аст — аз камбуди оби бехатар ва системаи кӯҳнаи обёрӣ то вобастагӣ аз дарёҳои фаромарзӣ ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим.

Барои ояндаи устувор, ба минтақа ҷорисозии технологияҳои сарфаи об, истифодаи обёрии қатрагӣ, беҳбуди назорати рақамии обёрӣ, зерсохтори муосир ва рушди ҳамкорӣ байни кишварҳо барои тақсими одилонаи захираҳо лозим аст. Дар акси ҳол, минтақа метавонад бо фоҷиаи нави обии монанд ба фоҷиаи баҳри Арал рӯ ба рӯ гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.