Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон ҳамла аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро “террористӣ” хонда, маҳкум кардааст.
Дар ин ҳамла, ки ба иттилои мақомоти Тоҷикистон, шаби 26-уми ноябр анҷом шудааст, қароргоҳи коргарони корхонаи маъдантозакунии "Шоҳин СМ" дар минтақаи марзии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳадаф қарор гирифтааст. Дар пайи он, се коргари чинии ширкат ҷон бохтаанд.
Ба гузориши расонаҳои Эрон, Исмоил Бақоӣ имрӯз, 28-уми ноябр, зимни иборизи ҳамдардӣ ба хонаводаҳои ҷонбохтагон, ба ҳукумати Тоҷикистон ва Чин эъломи ҳамбастагӣ кардааст.
Бақоӣ таъкид кардааст, ки барои пешгирии ҳаросафканӣ ва мубориза бо он тақвияти ҳамкориҳои чандҷониба зарур аст.
Вазорати корҳои хориҷӣ (ВКХ)-и Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябр гуфт, ҳамла ба бошишгоҳи коргарони корхонаи Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак сурат гирифта, дар пайи он се корманди ҶДММ "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд. Радио Озодӣ гузориш дод, ки як шаҳрванди дигари Чин дар ин ҳодиса маҷруҳ шудааст.
ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамларо кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.
Пас аз як рӯз ВКХ-и Толибон* ба ин хабар вокуниш кард ва гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.
Аммо на мақомоти Тоҷикистон ва на Толибон аз ҳеҷ гурӯҳе ном набурданд.
Пештар аз ин, ВКХ-и Покистон ҳам ин ҳамларо “буздилона”, “террористӣ” ва “таҳдиди ҷиддӣ” аз хоки Афғонистон хонда, маҳкум кард ва гуфт, истифодаи пайвастаи хоки Афғонистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ боиси нигаронии ҷиддии тамоми минтақа ва ҷаҳон аст.
Бештар дар ин матлаби мо хонед: “Барои эҷодӣ бесуботӣ ҳамла шудааст”. Вокуниши Толибон ба ҳамлаи маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста