Душанбе. 27-уми май. «Азия-Плюс» — | Дар доираи табиқи барномаи «Ҷаҳони боз» ҳайати 30-нафараи Тоҷикистон, ки аз намояндагони сохторҳои давлатӣ ва созмону ҷамъиятҳои ҷомеаи шаҳрвандиӣ иборат буд, бо мақсади беҳбуди қобилияту малакаҳои худ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боздид намуд.
Зимни брифинги матбуотӣ ҳамоҳангсоз оид ба умури барномаҳои омӯзишии ИМА дар Тоҷикистон Шафоат Қобилова изҳор дошт, ки сафари ҳайат аз 12 то 24-уми майи соли ҷорӣ идома ёфта, ҳайат мутобиқи мавзӯъ ба гурӯҳҳои «Таҳкими худидоракунии маҳаллӣ», «Гуногунсозии бахши кишоварзӣ» ва «Туризми экологӣ» тақсим карда шуда буд. «Ҳар яке аз аъзои ҳайат бевосита бо тарзи ҳаёти воқеъии амрикоиҳо аз наздик ошно гардида, дар масоили гуногун бо онҳо табодули афкор намуд», - иброз дошт ӯ.
Шафоат Қобилова мегӯяд, Департаменти давлатии ИМА ҷиҳати рушди касбии хатмкунандагони барнома як қатор имконоту захираҳо пешниҳод менамояд. «Ба хатмкардагони барномаи «Ҷаҳони боз» соли дуввум аст, ки дар шакли қарзҳои хурд 125 ҳазор доллари ИМА (3-5 ҳазорӣ барои ҳар яке) ҷудо карда мешавад, то ки онҳо андешаву ниятҳои тозаи аз сафар ба ИМА ҳосилкардаашонро амалӣ созанд ва ин маблағҳо барои ҳалли мушкилоти глобалӣ пешбинӣ нагардида, танҳо тамоили иҷтимоӣ доранд», - афзуд номбурда.
Қобили зикр аст, ки барномаи «Чаҳони боз» ягона барномаи табодул дар дохили риштаи қонунгузории ҳокимияти ИМА маҳсуб ёфта, ҳамасола аз ҷониби Когресси ИМА маблағгузорӣ мегардад. Барнома соли 1999 аз ҷониби Конгресси ИМА бо ташаббуси ду олими маъруф ва арбоби намоёни ҷамъиятӣ – академик Дмитрий Лихачёв ва директори китобхонаи Конгресси ИМА Ҷеймс Биллингтон таъсис дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста