Хуҷанд. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд амалиёти «Мадраса» ба итмом расид, ки аз 1-уми май инҷониб дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят оғоз гардида буд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар доданд, дар амалиёти мазкур тамоми сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ширкат варзида, аслан дар нохияҳои Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва шаҳри Қайроққум 11 ҳодисаи ба таълимоти ғайриқонунии динӣ машғул будани шаҳрвандон ошкор шудааст. «Аз рӯйи ин далелҳо мутобиқи моддаи 474-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (риоя накардани қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ») парвандаҳои маъмурӣ оғоз ва ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол шуданд», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, амалиёти мазкур бо мақсади ошкор сохтани марказҳои таълимоти ғайриқонунии динӣ, санҷиши ҷараёни иҷрои қонунгузорӣ дар бораи иттиҳодияҳои динӣ, пешгирии ҷалби ноболиғон ва ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ, ошкор ва мусодираи дискҳои сабти аудиоӣ ва адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ доир гардида, дар рафти он фаъолияти 8 мадраса, 93 масҷидҳои намози ҷумъа ва 95 масҷидҳои намози панҷвақта мутобиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» санҷида шуданд.
Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилоят ба гунаи мисол далел овард, ки дар рафти амалиёт ошкор гардидааст, ки сокини 41-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара Камол Почоев ба таълимоти ғайриқонунии динии 11 нафар нобилиғон машғул буда, ҳамчунин аз ӯ адабиёти динӣ мусодира шудааст. Парвандаи маъмурӣ нисбати Почоев ба баррасии додгоҳ фиристода шудааст.
Далели дигар дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара ошкор шудааст. Дар ин ҷо сокини 40-солаи ҷамоат Муҳайё Ҷӯраева бидуни иҷозатномаи дахлдор ба таълимоти динии се нафар занони калонсоли ҳамин ҷамоат машғул будааст. Машғулиятҳои худро бо занон ӯ моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз намуда, дар як ҳафта як машғулият баргузор мекардааст. Нисбат ба Ҷураева низ парвандаи маъмурӣ оғоз гардида, ба додгоҳ ирсол шудааст.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста