Душанбе. 1-уми июл. «Азия-Плюс» — | Созмони байнулмилалии ғайриҳукуматии «Гузоришгарони бидуни марз» дар ҳамраъйӣ бо даъвати кормандони Би-Би-Си тақозо дорад, ки хабарнигори Би-Би-Си дар Тоҷикистон Ӯрунбой Усмонов, ки шурӯъ аз 13-уми июн дар шаҳри Хуҷанд ба иттиҳоми узвият дар созмони ифротгарои «Ҳизб-ут-таҳрир» боздошт шудааст, фавран озод карда шавад.
Дар изҳороти интишоршуда дар сомонаи расмии созмон ( www.rsf.org ) дар робита ба ин масъала гуфта мешавад, «бекор шудани иттиҳоми узвият дар гурӯҳи фаъолияташ мамнӯъ нишон медиҳад, ки то чӣ андоза иттиҳомоти ворида алайҳи вай (Ӯрунбой Усмонов) заъиф ва бепоя аст. Мақомот ҳоло мехоҳанд обрӯи худро ҳифз кунанд. Иттиҳомоти тоза алайҳи вай беасос аст ва озодии матбуъотро ҷиддан нақз мекунад».
Ёдрас мекунем, ки қаблан намояндагони Би-Би-Си изҳор доштанд, ки айбдории узвияти Усмонов ба «Ҳизб-ут-Таҳрир» бекор шуда, акнун ӯ танҳо ба огаҳ накардани ҳукуматдорон аз фаъолияти созмони мамнӯъ айбдор карда мешавад.
Созмони «Гузоришгарони бидуни марз» бо истинод ба Файзинисо Воҳидова, ҳимоягари Усмонов изҳор мекунанд, ки ҷониби айбдоркунанда далелҳои кофӣ надоштааст.
Ҳимоягар ҳамчунин зикр кардааст, ки рӯзноманигорон «ӯҳдадор нестанд, ки ҳукуматдоронро аз таҳқиқоти худ огаҳ созанд, зеро ин риоя накардани махфӣ нигоҳ доштани сарчашмаи иттилоъот аст». Гуфта мешавад, дар компютери кории Усмонов якчанд китобу асноди ҳизб дарёфт шудаанд.
«Гузоришгарони бидуни марз» бар ин назаранд, ки мулоқоти Усмонов бо аъзои «Ҳизб-ут-таҳрир «бахше аз фаъолияти рӯзноманигории вай барои таҳқиқи бештар дар бораи фаъолияти ин гурӯҳи мамнӯъшуда дар Тоҷикистон аст».




Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста