Дар маркази байнулмилалии фарҳанги Ӯзбекистон рӯзи 27 январ таҳти унвони «Шеър - пайвандгари миллатҳо» нахустин ҳамоиши фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон доир гардид, хабар дода мешавад дар сомонаи tribunezamaneh.com.
Дар ин нишаст шоиру нависандагон, асотиду омӯзгорон, равшанфикрон ва дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ аз гӯшаю канори мухталифи кишвар, минҷумла, аз шаҳру навоҳии устонҳои Тошканд, Самарқанд, Сурхондарё, Қашқадарё, Фарғона, Навоӣ, Бухоро, Ҷиззах ширкат варзиданд.
Ҳамойиши шеъру шоирӣ бо сухани муқаддимавии Шарофатбону Ҷӯразода – раиси Маркази милпӣ-фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ оғоз ёфт ва раҳбарию раёсати он аз сӯйи шоир Ҷаъфари Муҳаммад сурат гирифт.
Ҳозирин бо беҳтарин намунаҳои шеъри муосири форсӣ-тоҷикии Ӯзбакистон ошно шуданд. Шоирони шинохта, аз қабили, Абдулло Субҳон, Парисо, Дилшода Фарҳодзод, Асадуллоҳ Шукурзода, Расулбеки Аҳмадзод ва дигар ҷавоншоиру дӯстдорони шеъру адабиёт аз эҷодиёти худ ва аз дурдонаҳои назми тоҷикӣ-форсӣ қироат карданд.
Ба ҳамойиш оҳангу сурудҳои дилнишин бо садои Раҳимҷон, Улуғбек ва рақсҳои дилрабои тоҷикдухтарон, ки либосу оройиши миллӣ доштанд, ҳусни бештар ато намуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста