Дар гузаргоҳи марзии Саразм - Ҷартеппа байни вилояти Самарқанди Ӯзбекистон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд девори маъруф миёни мардум ҳамчун «девори Каримов» барканда шуд.
Хабаргузории Озодлик дар ин робита менависад, дар маросими баркандани девор ҳайатҳои сархадбонони Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок кардаанд. Ин девор соли 2010 бо ташаббуси ҳукуматдорони ӯзбек сохта шуда буд.
Ҳукуматдорони Тоҷикистон ба хабаргузорӣ изҳор доштаанд, ки дар ин гузаргоҳ сохтмони терминал, меҳмонхона ва истгоҳҳои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.
Осим Ҷамолов, сокини деҳаи Саразми шаҳри Панҷакент, ки дар наздикии ин гузаргоҳ воқеъ аст, қайд кардааст, ки аҳолии маҳаллӣ бар ин назар аст, ки тағйирот дар сарҳад гувоҳи беҳбуди муносибатҳо байни ҳамсоякишварҳо мебошад.
- Қаблан мо ба минтақаҳои кишвари ҳамсоя зиёд сафар мекардем ва маҳсулотро аз Самарқанд мехаридем, чунки маркази вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд аз деҳоти мо хеле дур, дар масофаи 250 километр ҷойгир буда, масофа то Самарқанд бошад, ҳамагӣ 36 километрро ташкил медиҳад, - гуфтааст номбурда.
Як рӯзноманигор аз шаҳри Панҷакент изҳор доштааст, ки расми ифтитоҳи гузаргоҳи Саразм - Ҷартеппа нимаи моҳи оянда дар назар буда, айни замон дар Панҷакент ба ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд ва иштироки ҳайати Ӯзбекистон дар ин чорабинӣ пешбинӣ мешавад.
- Мегӯянд, ки дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳри Панҷакент сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон иштирок мекунанд ва маросими расмии гузаргоҳ низ бо ҳузури онҳо баргузор мешавад, - гуфтааст рӯзноманигори тоҷик.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола бо иштироки президент ҷашни Наврӯз расман дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон доир мегардад ва тибқи баъзе маълумот, имсол Наврӯз расман дар шаҳри Панҷакент ҷашн гирифта мешавад.
Ёдрас мекунем, ки нимаи дуюми моҳи март сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар аст, ки дар ҷараёни он байни давлатҳо як қатор созишномаҳои муҳим ба имзо мерасанд.