Субҳи имрӯз боз ду кӯдаки ноболиғ - шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷиҳати ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, ҳамоҳангиҳои лозима ҷиҳати баргардонидани боз ду кӯдаки ноболиғ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ироқ ба даст омада буданд.
Гуфта мешавад, Вазорат бо дарназардошти зарурати ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ аз ифшо намудани номи бозгардондашудагон ва пешниҳоди тафсилоти бештар худдорӣ менамояд.
Қобили зикр аст, ки як моҳ пеш чор нафар кӯдакони тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуданд. Миёни онҳо Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола ҳузур доранд, ки дар паноҳгоҳе дар Ироқ қарор доштанд. Инҳо бародар ва хоҳари духтар Оиша мебошанд, ки ҳамон сол шабакаи телевизионии RT хабар дода буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста