Намунаҳои сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон то санаи 1 март омода мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” ҳамоҳангсози миллӣ оид ба масоили ислоҳот дар милитсия, генерал-майор Фарҳодбек Шодмонзода.
Бино ба гуфтаи ӯ, аввали моҳи март намунаҳои сарулибоси нави кормандони милитсия аллакай барои тасдиқ ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешаванд.
“Агар президент намунаи сарулибоси нави кормандони мақомоти корҳои дохилиро тасдиқ намояд, дар навбати аввал кормандони хадамоти посбониву назорат, БДА ва нозирони минтақавии шаҳри Душанбе бо он таъмин мешаванд”, - қайд кард Фарҳодбек Шодмонзода.
Зимнан зикр гардид, ки дар сарулибоси нав ба ҷойи калимаи маъмулии “милитсия” – “политсия” навишта хоҳад шуд.

Таҳиягари сарулибос номаълум аст
Тирамоҳи соли гузашта ВКД Тоҷикистон дар бораи таҳияи ороишот (дизайн)-и ҳама гуна навъи сарулибос, пойафзол ва аломатҳои кормандони милитсия озмун эълон кард.
“Сарулибоси нави кормандони милитсия бояд мояи ифтихору эҳтиром натанҳо барои худи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, балки тамоми шаҳрвнадони кишвар низ бошад”, - қайд карда буданд он замон дар ВКД.
Зикр гардида буд, ки таркибҳои сарулибос бо назардошти шароити обуҳавои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таҳия мешаванд. Сарулибоси кормандони хадамоти посбонии роҳ бояд аз қисмҳои инъикоси рӯшноӣ иборат бошад.
Доман (юбка) ва сарулибос барои занон бояд на болотар аз зону бошанд. Пойафзоли занона метавонад бо пошна бошад, лекин на баландтар аз 4,5 сантиметр.
Барои сарулибоси нави кормандони милитсия рангҳои сафед, хокистарӣ, сурхи баланд тавсия дода шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, алҳол маълум нест, ки дар ин озмун кӣ ғолиб омадаву барои милитсионерҳои тоҷик сарулибоси нав омода мекунад.
Аз мо беҳтар аст
Дар сомонаи “Азия-Плюс” бобати дар кадом давлат аз ҳама шинаму қулай ва зеботар будани сарулибоси кормандони милитсия назарпурсӣ гузаронида шуд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҳозира сарулибоси милитсионерҳои тоҷик ба корбарони сомона писанд омада, баъди Арманистон онҳо дар зинаи дуюм қарор доранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста