Кордори сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт бо ҳамроҳии Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) Латофат Назирӣ, намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дар чорабинии тақдими китоб ба мактаби № 3 дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ҶТ сурат мегирад.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайқал додани малакаи хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат менамояд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи USAID таҳти унвони «Ҳамроҳ бихонем» амалӣ мегардад. Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барномаи фарогирандаест, ки дар доираи он 13 532 омӯзгорон ва мутахассисони соҳа таълим мегиранд ва дастрасии бештар ба маводи хонишӣ барои 281 451 хонандаагони синфҳои ибтидоӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи мазкур мудирони муассисаҳои таълимӣ, китобдорон ва ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии зиёда аз 1000 мактаб дар саросари кишвар аллакай таълим гирифтанд. Ғайр аз ин, ба муассисаҳои таълимии мазкур зиёда аз 140 000 китоби ба синну соли хонандагон мутобиқбуда бо забони модарӣ тақдим карда шуданд.
Дар доираи ин лоиҳа тақдими китобҳо ва маводи таълимию методии инноватсионӣ ба муассисаҳои таълимии интихобшуда идома хоҳад ёфт. Дар давоми ду соли оянда, чорабиниҳои ба ин монанд, иловатан дар 1800 муассисаи таълимиии дигар роҳандозӣ мешаванд.
USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. USAID бо Вазорати маориф ва илми ҶТ дар раванди интихоб, таҳия ва дастрас намудани китобҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорат ба тасвиб расонида шудаанд.
Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем» яке аз лоиҳаҳои сершумори кумакрасон мебошад, ки амалисозии он бо кӯмаки мардуми Амрико тавассути USAID имконпазир гардидааст. Дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста