Акнун мизоҷони бонк тариқи замимаи мобилии “Сбербанк Онлайн”, терминалҳои пардохт ё дафтарҳои кории бонк метавонанд ба тавозуни муштариёни “Мегафон Тоҷикистон” пул гузаронанд.
“Аксари сокинони Тоҷикистон зимни кор дар Русия ба аҳли оилаашон маблағ интиқол медиҳанд. Ин таҷриба барои садҳо ҳазор нафар шаҳрвандонии ҷумҳурии мо амри маъмул аст. Мо тасмим гирифтем, ки бо иловаи хизматгузориҳои ширкат номгӯи имконоти онҳоро васеътар созем. Акнун корбарони хизматрасониҳои бонк бо истифода аз хизматрасониҳои Сбербанк, аз ҷумла тариқи “Сбербанк Онлайн” имкон доранд маблағи хизматгузориҳои ширкати “Мегафон Тоҷикистон”-ро пардохт кунанд. Барои ин ҳамагӣ якчанд пахш зарур аст”, - шарҳ дод ин навгониро Директори иҷроияи ширкати “Мегафон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.
Тавре намояндагони ширкат қайд мекунанд, замимаи мобилии Сбербанк натанҳо дар қаламрави Русия амал мекунад, яъне ин маънои онро дорад, ки тарзи қулайи пур кардани тавозуни телефони шахсони наздик ба мизоҷони Бонк баъди бозгашт ба Тоҷикистон низ дастрас хоҳад буд.