Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ тағйироту иловаҳоро ба қонун “Дар бораи ипотека” қабул кард, ки ба такмили заминаи ҳуқуқии амволи гарав равона шудааст.
Аз ҷумла, акнун тибқи қонунгузорӣ гузаштани амволи гарав ба қарздиҳанда бидуни баррасии судӣ имконпазир мешавад.
То ин замон бонкҳо танҳо бо қарори суд амволи дар ипотека ба гарав гузоштаро рӯёнида метавонистанд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бар ин назаранд, ки содакунии қонунгузории ипотека ба афзоиши қарздиҳӣ барои ипотека дар кишвар мусоидат мекунад.
Қонун “Дар бораи ипотка” дар Тоҷикистон соли 2008 қабул шуд. Дар ин давра, тибқи маълумоти БМТ, ташкилотҳои қарзии кишвар ба маблағи умумии ҳамагӣ ҳудуди 210 млн. сомонӣ қарзҳои ипотекӣ додаанд.
Айни замон аз 17 бонки ҷумҳурӣ танҳо дар 2-тоаш: “Аввалин бонки молиявии хурд” ва “Спитамен Бонк” ва боз дар 1 ташкилоти қарзии хурд: ТҚХ “Ҳумо” метавон барои харидории манзил (ипотека) қарз гирифт.
Меъёри миёнавазн оид ба қарзҳои хориҷӣ дар низоми бонкии ҷумҳурӣ феълан ба 21,77% баробар аст.
Тобистони ҳамин сол раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти хабарӣ изҳор дошта буд, ки ояндаи наздик ворид кардани тағйирот ба қонун “Дар бораи ипотека” дар назар буда, зимнан гузаштани амволи гарав ба ихтиёри бонк бидуни баҳси судӣ пешбинӣ шудааст.
Раиси”Амонатбонк” қайд карда буд, ки пас аз қабули тағйирот, бонки мазкур ба пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ оғоз мекунад.
“Бисёре аз қарзгирандагон ба масъалаи баргардонидани он ҷиддӣ муносибат надоранд. Аз ин рӯ, бонкҳо ба мушкилоти молиявӣ дучор мешаванд. Маҳз барнагардонидани қарзҳо боиси мушкилоти молиявӣ дар баъзе бонкҳо шуд”, - гуфта буд Икромӣ.
Ба ҷуз ин, таъкид дошта буд ӯ, “Амонатбонк” дар ҳаҷми 417 млн. сомонӣ сармоя дар ихтиёр дорад.
“Ин бевосита маблағҳои мо буда, қисмате аз онро низ метавонем ба қарздиҳии ипотекӣ равона созем”, - иброз дошт номбурда.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста