Аз шаҳри Ухани Чин 7 донишҷӯйи тоҷик бинобар доштани таби баланд ба Тоҷикистон оварда нашуданд. Онҳо мавриди ташхис қарор гирифтаанд.
Инчунин 3 донишҷӯйи дигари тоҷик бо хоҳиши худ аз сафар ба Ватан худдорӣ кардаанд. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ин маънои онро надорад, ки ин ашхос гирифтори бемории коронавирус мебошанд. Зеро тибқи талаботе, ки дар шаҳри Ухан ҷорист, нафароне, ки таби баланд доранд, дар ҳолати карантинӣ қарор дода мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки соати 7-и субҳи дирӯз, 11-уми феврал ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” 46 шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Ухани Чин ба шаҳри Душанбе овард. Онҳо дар осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.
Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин буда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.
Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандоне, ки аз Чин ба Ватан баргаштанд, 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ карданд, низ ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, шумори қурбониёни коронавируси Covid-19 ба 1113 нафар расид. Дар ин бора Кумитаи давлатии масоили тандурустии Чин хабар медиҳад.
Шумори умумии сироятёфтагонро ҳукумати ин кишвар 44653 нафар арзёбӣ мекунад, ки аз ин шумор 4740 нафар муолиҷа ва аз бемористонҳо ҷавоб дода шудаанд. Гуфта мешавад, 8204 нафар дар ҳолати вазнин қарор дошта, боз 185 ҳазор нафари дигаре, ки бо беморон алоқа доштанд, дар зери назоратанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста