Маросими аз сарҳадбонони Қирғизистон ба марзбонони Тоҷикистон додани рамзи “Эстафетаи Ғалаба” аввали моҳи май дар постгоҳи назоратии “Қизил Арт” дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ доир мегардад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Қӯшунҳои сарҳадиии КДАМ Тоҷикистон хабар дод.
Рамзи “Эстафетаи Ғалаба” аз дидбонгоҳи сарҳадии Мурғоб ба Хоруғ оварда шуда, дар ин ҷо чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили консерту вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мешавад. “Эстафетаи Ғалаба” минбаъд ба дидбонгоҳи сарҳадии Дарвоз бурда шуда, сипас ба Душанбе оварда мешавад ва ба ин муносибат дар Боғи Ғалабаи пойтахт чорабиниҳои оммавии ҳарбӣ-ватандӯстӣ доир мегарданд. Сипас рамзи “Эстафетаи Ғалаба” ба сарҳадбонони Ӯзбекистон супорида мешавад.
“Эстафетаи Ғалаба” аз ҷониби сарҳадбонони Русия ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ роҳандозӣ шудааст. Он 5-уми феврал аз шаҳрҳои Брест ва Мурманск оғоз гардида, бо ду хатсайр тариқи ҳудуди Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Арманистон мегузарад.
Рамзҳои эстафета дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби гурӯҳҳо дар қаламрави ҳамаи кишварҳои иштирокдори ин иқдом ба ҳамдигар дода мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки “Эстафетаи Ғалаба” бо қарори сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва пешниҳоди Шӯрои фармондеҳони қӯшунаҳои сарҳадии кишварҳои узви ИДМ гузаронида мешавад. Он рӯзи 28-уми май дар Поклонная гораи шаҳри Маскав ба охир мерасад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста