Бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ оид ба эътино ба бемории Covid-19 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон шоми 6 июн гурӯҳи калони тими тиббии Лаҳистон (Полша)-ро пазируфт.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, меҳмононро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Саида Умарзода истиқбол гирифт.
“Ҳайати мазкури тими тиббии Лаҳистон аз 16 иборат нафар буда, онҳоро се нафар коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҳамроҳӣ мекунанд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар назар аст, ки ҳайати тими тиббии Лаҳистон ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба хоҳанд намуд.
Қобили зикр аст, ки ояндаи наздик мутахассисони Роспотребнадзор барои кор дар ҳайати гурӯҳи коршиносони байнулмилалӣ, ки аз ҷониби СҶТ таъсис дода мешавад, бори дигар ба Тоҷикистон фиристода мешаванд. Дар ин хусус дар сомонаи Роспотребнадзор хабар дода мешавад.
Гурӯҳ барои кумак ба Тоҷикистон дар корҳои ташхис дар озмоишгоҳ, назорати эпидемиологӣ ва баргузории таҳқиқоти коронавируси нав сафарбар мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста