Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, воқеъ дар Страсбурги Фаронса, аз Русия тақозо кардааст, ки шаҳрвандии Бахтиёр Усмонов, як зодаи Тоҷикистонро барқарор кунад ва барояш 11 ҳазор евро ҷуброн пардозад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар шарҳи қарори додгоҳ гуфта мешавад, “ҳукумати Русия барои он ки ин шахс номи бародару хоҳарашро дар санадҳо зикр накардааст, шаҳрвандиашро бекор кард. Вале мақомот сангин будани ин амалро собит накарданд ва далели кофӣ пеш наоварданд, чаро ӯ бояд аз ин ҳақ маҳрум шавад”.

Гуфта мешавад, Русия барои зараре, ки расондааст, бояд ба Бахтиёр Усмонов 11 ҳазор евро ҷуброн пардозад.

Ҳайати ҳафтнафарии додгоҳи Страсбург гуфтааст, ин мард ба ҳеч қонуншиканӣ роҳ надодааст, “ҳеч хатар барои амнияти миллии ин кишвар надорад” ва бояд ҳуқуқаш барқарор шавад.

Бахтиёр Усмонов аз соли 2007 дар Русия зиндагӣ мекунад. Ҳамсару чаҳор фарзандаш низ шаҳрванди Русия мебошанд. Егор Милников, вакили мудофеи Усмонов, гуфтааст, зерҳимояаш 13 сол пеш ҳангоми дарёфти шаҳрвандии Русия ариза дода буд ва дар онҷо номи баъзе аз наздиконашро зикр накардааст.

Дар қарори мақомоти Русия кори Усмонов ҳамчун “ба ғафлат андохтани мақомот” ва “зикри иттилои нодуруст” арзёбӣ шуд.

Талошҳои ӯ барои дар зинаҳои гуногуни додгоҳӣ шарҳ додани ин ки кораш на “пинҳон кардани иттилоъ”, балки “нопурра додани иттилоъ” аст, бенатиҷа анҷомид. Ӯро аз шаҳрвандӣ маҳрум ва пешниҳод карданд, ки дар сафорати Тоҷикистон шиносномаи Тоҷикистонро бигирад, то ҳузураш қонунӣ шавад.

Ба қавли вакили мудофеъ, вақте ӯ бо шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистон барои гирифтани ҳаққи иқомати муваққатӣ ба Хадамоти муҳоҷирати Русия муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, Хадамоти амният ӯро аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардааст. Бахтиёр Усмонов бояд дар 5 рӯз кишварро тарк мекард ва дар 35 соли баъдӣ дигар ба ин кишвар ворид намешуд.

Вақте ин талаботро иҷро накард, ӯро боздошт карда, ба маркази нигаҳдории муваққатии муҳоҷирон дар деҳаи Новоселитсии ноҳияи Новгород бурданд ва ӯ беш аз 2 сол дар ҳолати боздошт дар ин муассиса ба сар бурд.

Бахтиёр Усмоновро баъд аз ду солу даҳ рӯзи боздошт, 10-уми декабри имсол озод карданд, чун аз Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар номае расид, ки парванда ба фоидаи ӯ ҳал шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.