Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба аҳолӣ ҳушдор додааст, ки аз 1 то 4-уми октябр эҳтиёт бошанд, чун дар ин рӯзҳо эҳтимоли вазиши шамоли сахт ва бориши борону барф дар назар аст.
Дар як огаҳиномаи ин Раёсат, ки дар ихтиёри “Азия-Плюс” гузошта шуд, гуфта мешавад, ки дар асоси маълумоти Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 1 ва 2-уми октябр эҳтимоли вазиши шамол бо суръати 15-20 м/с дар пешбинӣ шудааст.
Инчунин гуфта мешавад, ки рӯзҳои 2-3-уми октябр бо сабаби воридшавии ҳавои сард дар ҷумҳурӣ ноустуворшавии вазъи ҳаво дар назар буда, ҳарорати ҳаво то 6-9 дараҷа поён мефарояд.
Санаи 3 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд боридани борони бошиддат пешгӯӣ шуда, рӯзҳои 3-4-уми октябр шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ эҳтимол борон ба барф табдил ёбад.
Аз ин рӯ, Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ба сокинону меҳмонони вилоят эҳтиромона хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои пешгӯишуда “басо эҳтиёткор бошанд”. Аз сафар намудан тавассути роҳҳои осебпазир, селфаро ва сангрез худдорӣ намоянд.
Аз сокинони ноҳияҳои кӯҳӣ хоҳиш карда мешавад, ки муваққатан дар ин рӯзҳо аз корҳои чорводорӣ, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва сайру гашт дар кӯҳҳо худдорӣ намоянд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста