Дар Тоҷикистон дар панҷ соли охир беш аз 40 омӯзгор ва зиёда аз 20 волидайнро барои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон ҷазо додаанд.
Радиои Озодӣ бо такя ба як гузориши Тоҷикистон ба СММ навиштааст, ки аз соли 2018 то 2022 дар кишвар ба зидди 63 нафар ба гумони ҷабру шиканҷаи кӯдакон парванда кушодаанд.
“Аз ҷумла, 41 омӯзгор ва 22 падару модар бар асоси моддаи 174-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғон” маҳкум шудаанд”, - омадааст дар мактуб.
Манбаъ нагуфтааст, ки омӯзгорон ва падару модарон ба кадом намуди ҷазо, зиндон ё ҷарима ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад,к и дар 5 соли охир кормандони ҳифзи ҳуқуқ 635 ҳолати монеъ шудан ба таҳсили фарзандонро ошкор кардаанд.
Мавридҳои латукӯб ва зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт расонаӣ мешавад.
Моҳи октябри имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори латукӯби тифле аз сӯйи падараш нашр шуда, баҳсҳои зиёдро ба бор овард.
Мақомоти интизомӣ падари тифлро боздошту ҷарима карда буданд. Масъулон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд.
Моро дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК пайгирӣ кунед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста