Бо гузашти ду рӯз аз хабари заҳролудшавии 48 нафар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, баъди хӯрдани қурутоб, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳолии кишвар гуфт, онҳо заҳролуд нашуда, танҳо аз истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дилбеҳузур шудаанд.
Ин ниҳод субҳи имрӯз, 26-уми январ, бо нашри як изҳороти расмӣ афзуд, ин хулосаро натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон доданд ва “шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд, танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст”.
Манбаъ мегӯяд, баъди ба беморхона интиқол додани онҳо ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо беморони вазнин набуд.
“Новобаста ба ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сармутахассисони соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд”, - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳодиса соати 8-и субҳи рӯзи 24 январи соли 2023 дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон рух дод ва пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд.
Вазорат гуфт, “дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд”.
Манбаъ мегӯяд, беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25-уми январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.
Дирӯз, як корманди масъули Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки эҳтимол заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз қурут ё дуғобе, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, сурат гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Зафар Гулзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, "ҳоло мушаххас нашудааст, ки 48 сокини ин ноҳия аз кадом ҷузъи қурутоб заҳролуд шудаанд ва санҷиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор идома дорад".
Ёдовар мешавем, ки 24-уми январи соли ҷорӣ 48 нафар пас аз истеъмоли қурутоб дар хонаи яке аз сокинони рустои Чагами ноҳияи шамсиддин Шоҳин заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Баъди чанд соати ҳодиса ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоия пахш намуд, ки "шаҳрвандон сари вақт ба беморхона интиқол дода шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд".





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста