Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зимни як ҷаласаи ҳукумати вилоят аз суръати пасти интернет ва алоқаи оддии мобилӣ дар минтақа ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, ин мушкилот бояд дар кӯтоҳтарин фурсат ҳал карда шавад.
Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ дар саҳифаи фейсбуки худ иттилоъ медиҳад.
Зимни ин ҷаласа, ки 25-уми октябр баргузор гардидааст, раиси вилоят гуфтааст, дар баъзе ҳолатҳо суръати интернет паст буда, алоқаи одии мобилӣ низ қонеъкунанда нест.
“Чунин мушкилот бо назардошти минтақаҳои дурдасти вилоят, бояд дар кутоҳтарин фурсат ҳалли худро пайдо намояд”, - гуфтааст Алишер Мирзонабот.
Нигаронии Алишер Мирзонабот дақиқан ду рӯз баъд аз ҷаласаи Хадамоти алоқаи кишвар, ки дар он Бег Сабур, роҳбари ин ниҳод аз суръати интернет ва алоқа шикоят кард, садо медиҳад.
Дар ҷаласаи Хадамоти алоқа, ки 23-юми октябр, бо иштироки намояндагони ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон вобаста ба мушкилоти соҳаи алоқа баргузор гардид, Бег Сабур дастур дод, манотиқеро, ки дар он ҷойҳо дастрасӣ ба алоқаи мобилӣ ва интернет заиф аст, муайян карда, барои бартараф сохтани камбудиҳо дастбакор шаванд.
Барои ин аз ҳисоби масъулини Хадамоти алоқа, ширкатҳои мобилӣ ва сохторҳои дигар гурӯҳи корӣ ташкил шуда, барои омода намудани ҳисоботи мукаммал ба онҳо як ҳафта муҳлат дода шуд.
Пештар аз ин, Аъзам Ализода, раиси ноҳияи Мастчоҳ низ аз суръати сусти интернет ва таҷҳизоти кӯҳнаи ширкатҳои мобилӣ нигаронӣ намуда буд.
Ҳамчунин, раиси ҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар паёми охирини худ рӯзи 23-юми декабри соли 2022 аз сифари пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.
Гуфтан зарур аст, ки ҳоло дар баъзе манотиқи кишвар мавҷи алоқа бисёр заиф буда, интернет тақрибан кор намекунад. Шикояти сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз суръату сифати интернет ва алоқа низ зиёд аст.
Шикояти сокинонро Бег Сабур низ тасдиқ карда, гуфтааст, ки ба Хадамоти алоқа воқеан шикоят аз сокинон зиёд ворид мешавад.
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
“Сомон Эйр” парвозҳоро ба фурудгоҳи “Внуково” муваққатан қатъ кардааст
Рӯзи дарду ашк. Дар Русия бар иловаи боздошту ихроҷи дастҷамъӣ ва манъи баъзе корҳо, ба таҳсили озоди фарзандони муҳоҷирон низ мухолифат мекунанд
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2024 мунтахаби Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи чандум аст?
Садама дар зеристгоҳи баландшиддат як қисми Душанберо бе барқ гузошт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста