Имрӯз, 31-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як қатор корхонаҳои саноатиро мавриди истифодабарӣ қарор дод.
Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Сарвари давлат дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардид.
Ин корхона ба истеҳсоли матои патдор аз қабили, намудҳои гуногуни сачоқ, халат ва дигар номгӯи маҳсулот машғул буда, истеҳсоли 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро ба роҳ мондааст.
Ҳамзамон дар маҳаллаи “Деҳқонобод-2”-и ноҳияи Фирдавсӣ корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ”-ро ифтитоҳ намуд, ки иқтидори истеҳсолии он дар як сол 27 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе”-ро ба истифода дода, бо маҳсулоти он шинос гардид.
Гуфта мешавад, ки иқтидори истеҳсолии корхона 4500 метри мураббаъ дар як шабонарӯз ва 13,5 ҳазор метри мураббаъ қолин бо шаклу тарҳи гуногун дар як моҳ мебошад. Иқтидори солонаи корхона дар як сол ба 4 миллиону 860 ҳазор метри мураббаъ мерасад.
Дар ноҳияи Сино Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ифтитоҳ намуд, ки дар он 850 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи баракат”-ро мавриди истифодабарӣ қарор дод, ки ин корхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар масоҳати 1 гектар бунёд шудааст.
Иқтидори солонаи он 25 ҳазор тонна равғанро ташкил дода, барои истеҳсоли равғани растанӣ аз кишварҳои Чин, Ҷопон, Полша ва дигар давлатҳо технологияи муосир оварда, васлу насб карда шудааст.
Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳри зебои мо”-ро ифтитоҳ карданд, ки дар як басти он 14 намуд маҳсулоти макаронӣ бо номи “Лазоли” истеҳсол мешавад.
Ба иттилоъи манбаъ айни ҳол дар ҷумҳурӣ 31 корхона ба истеҳсоли макарон машғул буда, дар 9 моҳи соли равон 6,3 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Айни замон дар шаҳри Душанбе 9 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ фаъолият дошта, дар 9 моҳи соли равон 3,9 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол намудаанд, ки 62 дарсади маҳсулоти макаронии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки пештар аз ин Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе пас аз навсозии пурра Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе” (собиқ корхонаи либосдӯзии “Гулистон”) ба истифода доданд.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста