Дар пайи иқдоми раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ки супориш дод, ба ҳар як оилаи Тоҷикистон китоби “Шоҳнома” ҳадя шавад, пешниҳод гардид, ки аз рӯзгори Абулқосим Фирдавсӣ филм ҳам бардошта шавад.
Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик дирӯз, 17-уми декабр, дар поёни намоиши филми “Дов” дар Душанбе ин пешниҳодро ироа кард. Ӯ гуфт, ҳадяи “Шоҳнома” аз сӯи Эмомалӣ Раҳмон иқдоми сутуданӣ аст, вале бояд филми таърихии Фирдавсӣ ҳам ҳарчӣ зудтар ба навор гирифта шавад.
“Тоҷикфилм” дар замони шӯравӣ аз “Шоҳнома” филмҳои хуб ба навор гирифт, ки имрӯз мо аз он ифтихор мекунем. Аммо дар даврони истиқлол чунин иқдом рӯи даст гирифта нашуд. Ҳоло моро зарур аст, ки дар пайи ҳадяи “Шоҳнома”, аз рӯзгори Фирдавсӣ филм ҳам созем”, - гуфт Муҳиддини Музаффар.
Ин коргардони тоҷик таъкид кард, ки дар замони муосир филм яке аз роҳҳои таъсиррасон дар идеология мебошад ва синамосозони моро лозим аст, ки аз он ба таври дурусту фоиданок истифода баранд.
Ӯ инчунин пешниҳод кард, ки бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ҳам бояд филми мустанад бардошта шавад.
“Ҳоло синамосозони моро мебояд, аз рӯзгор, корнома, шахсият, ба зери бало рафта, барои миллаташ ҷонбозӣ кардани Бобоҷон Ғафуров ҳам филми мустанад ба навор гиранд. Номи Ғафуровро мо ба ин восита ҷаҳонӣ ва беш аз пеш ҷовидона карда метавонем”, - афзуд коргардони тоҷик.
Гуфтан ба маврид аст, ки чанд сол қабл дар бораи рӯзгори шоири классикии тоҷик Абулқосими Фирдавсӣ дар Театри Лоҳутӣ намоишномаи “Фирдавсӣ” рӯи саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳо - “Парасту” ғолиб ҳам гардида буд.
Аммо маълум нест, ки дар бораи рӯзгори Бобоҷон Ғафуров дар театри тоҷик намоишномае рӯи саҳна омадааст ва ё на.
Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи декабр бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе Симпозиуми байналмилалӣ баргузор гашт. Дар ин симпозиум шахсан Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда, аз хидматҳои мондагорӣ ин Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуд.
Дар ин симпзиум Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар ин бораи пешниҳод манзур шавад.
Ҳамин тавр, дар симпозиуми мазкур раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, аз ҳисоби Фонди сарвари давлат китоби “Шоҳнома” ба чоп расонида шуда ва ба ҳар як оилаи мамлакат ҳадя карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста