Дар чорабинии бахшида ба ҷамъбасти натиҷаҳои озмун дар сатми тиҷорат пешсафони бахши саноату савдои пойтахт гирдиҳам омаданд.

Тавре ки аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, Шоҳҷоизаи озмун ба роҳбари ширкати «АКИА Авесто Автоматив Индастри» Асрор Мирзоев тақдим шуд.

Асрор Мирзоев
Сурат аз саҳифа дар Фейсбук

Саҳми ӯ дар истеҳсоли электробусҳои аз лиҳози экологӣ бехатар ва кумак дар рушди нақлиёти ҷамъиятии экологӣ таъкид шуд.

Асрор Мирзоев ҳамчунин дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати вазнин” ғолиб дониста шуд.

Ширкати «АКИА Авесто Автоматив Индастри» аз ҷониби корхонаи “Авесто Групп” ва ширкати туркии «AKIA» моҳи январи соли 2018 бо мақсади бунёди корхонаи ҷамъу васли автобусҳо мувофиқи меъёрҳои байнулмилалӣ таъсис дода шудааст.
Маросиси ҷоизасупорӣ
Сурати пешниҳодшуда

Боз киҳо ғолиб дониста шуданд?

Роҳбари ҶСП “Комбинати шири Душанбе” Раҳимҷон Ҳотамзода дар номиантсияи “Саноат” сазовори ҷойи аввал шуд.

Дар номинатсияи “Истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук” мукофоти зинаи аввал ба роҳбари ҶДММ “Сифати Саноат” Ҳокимшо Идиев супурда шуд.

Дар номинатсияи “Сохтмон, тармим ва таъмир” ҷоиза ба роҳбари ҶДММ “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов тақдим гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ
Сурати пешниҳодшуда

Дар номинатсияи савдо ҷоизаи ғолиб ба роҳбари ҶДММ “Бозори Корвон” Ҳалима Мавлонова супурда шуд.

Дар соҳаи меъморӣ ва дизайн роҳбари ҶДММ “Декор инвест” Абдурасул Исломов ба мукофоти зинаи аввал соҳиб шуд.

Ғолибон дар категорияҳои дигар:

- Муфарраҳ Муҳаббатов, роҳбари ҶДММ “Рухом” - дар номинатсияи “Косибӣ ва ҳунарҳои халқӣ”;

- Наврӯз Сабзаев, роҳбари ҶДММ “Садои Дӯстӣ” - дар номинатсияи “Хӯроки умум;

- Абӯбакр Муродалиев, роҳбари ҶДММ “Континент Инвест” - дар номинатсияи “Хидмати маишӣ”;

- Қурбоналӣ Зоҳиров, роҳбари КВД “Манзил хидматрасон №5” - дар номинатсияи “Хоҷагидории шаҳрӣ, хизматрасонии манзилию коммуналӣ ва экология”;

Сурати пешниҳодшуда

- Муборакшо Катахонов, роҳбари ҶДММ “Евро Дез” - дар номинатсияи «Тиббӣ, хизматрасонии тиббӣ, истеҳсоли доруворӣ, маҳсулот ва таҷҳизоти тиббӣ»;

- Фирӯз Бегамов, роҳбари ҶДММ “Меҳмонхонаи Сафо” - дар номинатсияи «Хизматрасонӣ дар соҳаи фарҳанг, варзиш ва туризм»;

- Илҳомиддин Роибпур, роҳбари ҶДММ «Муассисаи таълимии хусусии литсеи Раҳнамо» - дар номинатсияи «Хизматрасонӣ барои таълим»;

- Фарзона Сангинова, роҳбари Ҷамъияти ташкилоти «Илмхона» - дар номинатсияи «Хизматрасонии барои рушди соҳибкорӣ, таълим, маркетинг, аудит, консилинг, пешбарии муҳосибот ва кумаки ҳуқуқӣ»;

- Саидаҳмад Саломов, роҳбари ҶДММ “Душанбе АТ” - дар номинатсияи «Нашриёт, дизайн ва реклама»;

- Фирдавс Зеваров, роҳбари ҶС “О Мобайл” - дар номинатсияи «Технологияҳои телекомуникатсионӣ ва ахборотӣ».


Ғолибони озмун дар ҳар кадоме аз номинатсияҳо бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии шаҳрдории Душанбе сафароз гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола бар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузаронида мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани манзалат ва нуфузи соҳибкорон дар ҷомеа, таблиғи дастовардҳои онҳо дар бунёдкориву ободонӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандсозии рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар пойтахт, рушди бозори истеъмолии шаҳр ва фароҳам оврадани шароитҳои мусоид барои ҷалби сармоягузорони ватанӣ унвон мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.