Дирӯз, 17-уми декабр, маросими ҷоизасупории ду озмуни ҷумҳуриявӣ – “Беҳтарин ҳамсар” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” дар тарабхонаи “Дидор” баргузор гардид. Чеҳраҳои нурбори занону мардон, ки бо ҳамсар ва аъзои оилаи хеш дар толор ҳузур пазируфта буданд, далели суботу якдилӣ ва хушбахтии онҳо хонда шуд.
Нахуст дар даромадгоҳи толор маҳсули ҳунарҳои мардумиву миллии иштирокдорони озмун, ки аз манотиқи гуногуни кишвар армуғон оварда буданд, ба маърази тамошо гузошта шуд: як сӯ фатиру кулчаҳои ширмолу равғанӣ, сӯи дигар кӯзаҳои нақшину маҳсули кулолгарӣ, кунҷе кокулу тоқии бадахшӣ ва гӯшаи дигар сабадҳои гуногунҳаҷму намунаҳои гулдӯзиву бофандагӣ.
“Асрори хушбахтӣ муҳаббат аст”.
Маросими қадрдонии ғолибони озмуни “Беҳтарин ҳамсар” оғоз гардид. “Шоҳҷоиза”-и озмунро Хушомад Алидодов аз ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ба даст овард. Ӯ бо 4 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва сипоснома қадрдонӣ шуд.
Ҷойи аввалро Бахтиёр Ҳасанов, сокини шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба даст оварда, Мунис Бобоев аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ва Акмал Ҳакимов аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуввум гардиданд.
Мақоми сеюм бошад ба Тӯрахон Холов аз ноҳияи Шаҳринав, Умед Муҳаммадшерзодшоев аз шаҳри Хоруғи ВМКБ ва Ҳоҷӣ Шарипов аз ноҳияи Рашт тақдим гардид.
Ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 мутаносибан бо 3 ҳазор, 2 ҳазор ва ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадр шуданд.
Хушомад Алидодов, ки сазовори “Шоҳҷоиза”-и озмун гардид, асрори хушбахтии оилавии на танҳо худ, балки тамоми оилаҳоро дар муҳаббат медонад. Ба андешаи ӯ, ҷое, ки муҳаббат ҳаст, хайру баракат низ ҳаст.
“Ҳеҷ марде мард нашуда, агар дар паҳлӯи ӯ зани оқила набошад. Зан ин такягоҳи мард аст, агар такягоҳ устувор бошад, он гоҳ мард муваффақ мешавад”, - изҳор намуд ӯ.
Хушомад Алидодов директори Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, ҳамчунон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода аст.
Илова бар ин, “Ақли солим дар ҷисми солим” шиори хонаводагии онҳо буда, аз 5 нафар аъзои оилааш, ба ҷуз ҳамсараш ҳамаи онҳо унвони устоди варзиши Тоҷикистонро доштаанд.
“Инсон онест, ки ҳам ақлану ҳам ҷисман солим бошад. Ин нафарон умр ба дарозо мебаранду бар ҷомеа ва халқи худ хизмат мекунанд”, - илова намуд ӯ.
Ҳамсараш хонашин буда, ба таълиму тарбияи фарзандон машғул аст ва ба гуфтаи ӯ “такягоҳ ва далели хушбахтии оилаи онҳо” мебошад.
Беҳтарин оилаи ҳунарманд
Баъди иҷрои таронаҳои ҷаззоб аз ҷониби дастаи ҳунарии Филармонияи давлатӣ ҷоизасупории озмуни “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” оғоз гардид. Дар ин озмун “Шоҳҷоиза” насиби оилаи Дилдора Азимова аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд гардид.
Оилаи Нигинамо Набиева аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи аввал, оилаи Некрӯз Лайлиев аз ноҳияи Рӯшони ВМКБ ва оилаи Фозилҷон Носиров аз ноҳияи Шаҳринав соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд.
Бояд гуфт, Фозилҷон Носиров яке аз кулолгарони гулдасти кишвар буда, аз гил кӯзаву ҳайкалчаҳо бо нақшу нигори миллӣ месозад ва маҳсули ҳунари ӯро сайёҳон чун армуғон аз Тоҷикистон бо худ мебаранд. Ҳамсари ӯ, Иқболой Носирова низ бо шавҳараш кулолгарӣ мекунад. Ин оилаи ҳунарманд дар хонаашон устохонаи кулолгарӣ ташкил кардаанд.
Ҷойҳои сеюм бошад насиби оилаи Фариштамо Қодирова аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, оилаи Ҳабибулло Рашидов аз шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ва оилаи Ташриф Шарипов аз ноҳияи Рашт гардиданд.
Мукофотпулии ин озмун низ чун озмуни “Беҳтарин ҳамсар” буд.
Аз ҷумла, соҳиби “Шоҳҷоиза”-и ин бахш Дилдора Азимова бо ҳунари бофандагӣ дар озмун ширкат варзид. Ӯ дар ҳафт навъи бофандагӣ моҳир буда, аз муҳраву ресмон ашёи мухталиф, чун ҷузвдонҳои мӯҳрагӣ, либосҳо ва арғунчаку болопӯши кӯдакона омода карда, дар рӯйкаши болиштакҳо рамзу нишонаҳои миллӣ, чун нишону парчам ва харитаи Тоҷикистонро бо ресмон тасвир мекунад. Ӯ мегӯяд, саҳми шавҳараш дар рушди ҳунари ӯ бесобиқа аст.
Оилаи Қутбия Наимова аз деҳаи Боқӣ Раҳимзодаи шаҳри Турсунзода бо ҳунари нонпазӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ дониста шуд.
Ин зан 20 сол инҷониб ба нонпазӣ машғул буда, ин ҳунарро аз модараш омӯхтааст ва имрӯз ба келину духтаронаш меомӯзад. Ӯ навъҳои гуногуни нон, чун чаппотӣ, гирдача, хасфатир, нони аррагӣ, кулчаи чойӣ ва кулчаи чашмиро бо сабки миллӣ омода мекунад.
Ғолибон чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ интихоб шуданд?
Ба иттилои сухангӯи Кумитаи кор бо занон ва оила, ғолибонро ҳайати ҳакамон аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, Кумитаи кор бо занон ва оила, оилаҳои намунавӣ ва ботаҷриба муайян карданд.
Ҳангоми интихоби ғолибони озмуни “Беҳтарин ҳамсар” афзалият ба маърифатнокии аҳли оила, илмомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо, меҳнатпарастиву меҳнатдӯстии фарзандон, таъмини шароити мусоид барои кору таҳсил, ҷалби фарзандон ба варзиш ва дигар самтҳои рушди оила ба назар гирифта шудааст.
Вақти муайян кардани ғолибони озмуни “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” бошад, таваҷҷуҳ ба ҳунармандии яке аз аъзоёни оила ва дастгирии ҳамсару оилаи ӯ ба инобат гирифта шудааст. Оилаҳои ҳунарманд дар ин озмун аз рўйи намудҳои тасдиқшудаи феҳристи ҳунарҳои бадеии халқӣ иштирок намуданд.
“Иштирокдорон бояд намунаи ҳунару маҳорати хешро нишон диҳанд ва аҳли оила бояд ҳунарманд бошанд”, - гуфт намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оила.
Ёдовар мешавем, ки дар даври ниҳоии озмуни “Беҳтарин ҳамсар” 14 нафар ва дар озмуни “Беҳтарин оилаи ҳунарманд” 15 оила ширкат варзиданд. Инчунин, ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ тӯҳфаҳои арзишманд ва сипоснома тақдим гардид. Чорабинӣ бо иҷрои таронаҳои дилангез аз ҷониби Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ба поён расид.
Бояд гуфт, ин озмунҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оила дар доираи “Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024-2028” роҳандозӣ шудааст. Ҳадафи баргузории ин озмунҳо баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, арҷ гузоштан ба расму оинҳои миллии оиладорӣ ва пешгирии пошхӯрии оилаҳо гуфта мешавад.
Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд
Фавти 2 кӯдак аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар Шаҳристон
Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раиси ҲХДТ интихоб шуд. Ба вазифаи муовинони ӯ киҳо интихоб шуданд?
Мошинро аз дарё берун оварданд, вале ҷасадҳо нест. Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва 2 мусофир идома дорад
Муҳокима дигарбора оғоз шуд. Манобеъ мегӯянд, “ба эҳтимоли зиёд то охири сол ҳукми чеҳраҳои шинохтаи боздоштшуда содир мешавад”
Даргузашти "Суқрот"-и тоҷик дар Душанбе
Тоҷикистон даъват кард, ки дар пасманзари биёбоншавии ҷаҳонӣ пиряхҳо ҳифз шаванд
Боздошти як шаҳрванди Ӯзбекистон бо гумони даст доштан дар куштори генерали рус Игор Кириллов
Ҳизби аграрӣ ҳам барои омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ анҷуман баргузор мекунад
Кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Раиси вилояти Суғд гуфт, тафтиши ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста