Айни замон муҳоҷироне, ки дар қаламрави Русия ё Тоҷикистон қарор доранд, имкон доранд, ки кор пайдо кунанд. Дар баробари ин, ширкатҳо омода кардани тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро кафолат медиҳанд.

Бо кор таъмин намудан тавассути воҳидҳои сохтории Вазорати меҳнати Тоҷикистон сурат мегирад ва ройгон аст.

«Ҳангоми ба кор қабул шудан тавассути Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони мо, ки берун аз ҳудуди Тоҷикистон ба кори муваққатӣ машғуланд, дар давраи амали шартномаи меҳнатӣ ҳифз карда мешавад”, - изҳор доштанд дар Вазорат.

Дар Русия чӣ гуна корҳо пешниҳод мешаванд?

То 8 апрели соли 2024 тибқи механизми ҷалби муташаккилона дар 8 ширкат зиёда аз 5 ҳазор ҷойи кории холӣ мавҷуд аст, ки корхонаҳои онҳо дар беш аз 20 шаҳри Русия ҷойгир шудаанд.

ҶДММО «Межрегион строй», Красноярск – то 220 ҳазор рубл

Маоши баландтарин - аз 90 то 220 ҳазор рублро ҶДММ «Межрегион строй» дар Красноярск пешниҳод мекунад.

Соҳаҳо: сохтмони саноатӣ-шаҳрвандӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯ, макон - конҳои нафту гази Ванкор, Тагул, Пайах.

Шумори ҷойҳои кории холӣ – 301.

Шароит: хобгоҳ, хӯроки севақта ва либоси кории бепул. Тамос бо - Селетская Людмила, +79138603385.

Сурат: ТАСС

ҶДММ «ОЗОН Комьюнити», вилояти Маскав – 78 ҳазор рубл

Кор дар шаҳрҳои Хоругвино, Пушкино, Новая Рига, Софьино.

Соҳа: логистика. Кор - оператори анбор, коргарони гуногун (разнорабочие). Шумори ҷойҳои кории холӣ – 1000.

Шароит: Харидани билет, анҷоми расмиёти патент, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, хобгоҳи бепул, хӯроки яквақтаи бепул ва либоси корӣ.

Тамос бо - Бадалян Арсен Борисович, +79057155067.

ҶДММ «ЭкоИнтерСтрой», вилояти Сахалин - 70 ҳазор рубл

Соҳа: сохтмон. Ихтисос - арматурчӣ, бетонрез. Шумори ҷойҳои корӣ – 60.

Шароит: хобгоҳ, хӯроки севақтаи бепул ва либоси корӣ.

Тамос бо - Андрей Буденович +79241904411.

ҶДММ «КИТ» – 55 ҳазор рубл

Дар шаҳрҳои: Челябинск, Екатеринбург, Санкт-Петербург, Красноярск, Ростови лаби Дон. Шумори ҷойҳои корӣ – 1000.

Соҳа: логистика. Ихтисос – оператори  анбор, боркаш.

Шароит: Харидани билет, анҷоми расмиёти патент, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, хобгоҳи бепул, хӯрок ва либоси корӣ

Тамос бо - Юртаев Валерий, +79268614162

ҶДММ «Империал», Новосибирск - 52 800 рубл

Соҳа: логистика. Ихтисосҳо – оператори анбор, коргарони гуногун. Шумори ҷойҳои корӣ – 50.

Шароит: хобгоҳи бепул, хӯрок, либоси корӣ.

Тамос бо - Давлатов Маҳмадӣ, +79137210195

Сурат: ТАСС

ҶДММ «ПЭК» - аз 50 ҳазор рубл

Дар шаҳрҳои: Маскав, Қазон, Уфа, Екатеринбург, Владивосток, Самара, Благовещенск

Шумори ҷойҳои корӣ – 500     

Соҳа: логистика. Ихтисос – боркаш.

Шароит: Харидани билет, анҷоми расмиёти патент, пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, хобгоҳи бепул, хӯрок ва либоси корӣ.

Тамос бо - Аслонов Шерхон, +79255987671; Абдуллоев Зафар Саъдиевич, +79296036675.

ҶДММ «Донской текстиль» – аз 45 ҳазор рубл

Макон: вилояти Ростов, шаҳри Шахта. Шумори ҷойҳои корӣ – 200.

Соҳа: истеҳсоли контейнерҳои полипропиленӣ.      

Шароит: хобгоҳи бепул, либоси корӣ.

Тамос бо - Андреева Татьяна Михайловна, +79268367290.

ҶДММ «Щелковский МПК» - 44 ҳазор рубл

Макон: Вилояти Маскав, ноҳия Щелковский. Шумори ҷойҳои корӣ – 80

Соҳа – истеҳсолот. Ихтисос – коргарони гуногун.

Шароит: Пардохти маблағи ҳармоҳаи патент, хобгоҳи бепул, хӯроки севақтаи бепул ва либоси корӣ

Тамос бо - Хачатрян Сусана Рафиковна, +79652130204

Кӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба риояи шароити бо кор таъмин намудан масъул аст?

Шахси масъул аз МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Умед Давлатов тел: +992918888979 (WhatsАрр).

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират:

Ҳавзаи Федералии Марказӣ, ш. Маскав: +7 (495) 967-98-44, +7 (999) 912-58-68 (WhatsАрр);

Ҳавзаи Федералии Урал, ш. Екатеринбург: +7 (982) 739-89-98

Ҳавзаи Федералии Приволже, ш. Уфа: +7 (966) 031-22-22;

Ҳавзаи Федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт Петербург: +7 (977) 963-25-69;

Ҳавзаи Федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

Ҳавзаи Федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7. (926) 311-52-53.

Сурат: stroyportal

Худи ҳозир дар кадом кишварҳо чӣ гуна кор ҳаст?

Дар доираи ҷалби муташаккилонаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ бо МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба ҳолати 8 апрел дар кишварҳои зерин зиёда аз 2 ҳазор ҷойҳои кории холӣ мавҷуд аст:

Қатар, аз 340 то 6 800 доллари ИМА

Ширкат – Jusur, Давҳа, Қатар.

Шумори ҷойҳои корӣ - 500      

Соҳа: нақлиёт, хидматрасонӣ, тиб

Шароит: харидани билети ҳавопаймо, ҷойи иқомати бепул, хӯроки 3-вақта, либоси махсус

Кувейт – 1000 доллари ИМА

Ширкат - Al Huqooq    

Шумори ҷойҳои корӣ - 300      

Соҳа: нақлиёт, хидматрасонӣ

Шароит: харидани билети ҳавопаймо, ҷойи иқомати бепул, хӯроки 3-вақта, либоси махсус      

Амороти Муттаҳидаи Араб - аз 900 то 1700 доллари ИМА

Ширкат - LIVE Farm, Дубай

Шумори ҷойҳои корӣ - 300      

Соҳа: дорусозӣ (маълумот, таҷрибаи кор дар соҳаи мазкур, синни то 30-сола)

Шароит: ҷойи зисти бепул, либоси махсус

Литва – 640 доллари ИМА

Ширкат – EVRO DAS, Каунас

Шумори ҷойҳои корӣ - 800

Соҳа: сохтмон, нақлиёт

Шароит: ҷойи зист, либоси махсус 

Ширкат – EVRO VISA, Вилнюс

Шумори ҷойҳои корӣ - 200

Соҳа: сохтмон, нақлиёт

Шароит: ҷойи зист, либоси махсус

Шахси масъул аз МД “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:   

Саидов Зубайдулло, тел: +99255551080 (WhatsАрр).

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.