Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шарҳу изҳори назар дар бораи ҳамкории мутақобила бо Русия дар робита ба тафтиши амали террористӣ дар “Крокус” худдорӣ меварзад. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Хабаргузорӣ менависад, сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳамадзода ба рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки барои халалдор накардани ҷараёни тафтишот, то анҷоми он маълумот дода наметавонад.

Дар саҳифаи сафорат дар Фейсбук дар бораи ҷараёни тафтишот ҳеҷ маълумоте нест: ахиран аз ҳодиса дар “Крокус Сити Холл” 30 март ёдрас мешавад.

Он замон дар хабар зикр шуда буд, ки бо ташабусси ВКХ Россия дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Маҷмааи консертии “Крокус Сити Холл” бо иштироки намояндагони корпуси муқими дипломатии Россия маросими гулгузорӣ дар назди лавҳаи муваққатии ёдгории маҷмааи мазкур баргузор гардид, ки дар он сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода низ ҳузур дошт.

Қаблан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Тоҷикистон Умед Бобозода дар посухи хаттии худ ба “Азия-Плюс” навишта буд, ки бо мақсади дахолат накардан ба амалҳои тафтишотӣ аа адолати судӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳоло аз муроҷиат ба кумитаи тафтишоти Русия ё ягон изҳорот тавассути ВАО худдорӣ мекунад. Ӯ зикр карда буд, ки ин масъала ба салоҳияти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ дохил мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова истифодаи шиканҷаро нисбати гумонбарон маҳкум карда, таъкид дошта буд, ки чунин амалҳо комилан ғайриқобили қабуланд ва ба принсипҳои асосии қонуният ва ҳуқуқи инсон мухолифанд.

Чанд рӯз қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддан даъват намуд, ки “дар фазои иттилоотии кишварҳои ИДМ ташаккули фазои нафрат, бегонаситезӣ ва нажодпарастӣ нисбат ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ мувофиқи мақсад нест”.

“Ҳангоми тафтиши ҳамлаи террористии 22-юми март дар Маскав мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи қонунгузории худро, бахусус дар мавриди эътимоли бегуноҳӣ, манъи шиканҷа ва муносибати бераҳмона риоя кунанд", - изҳор дошт ӯ рӯзи 12 апрел дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Минск.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки “намоиши наворҳои боздошти омилони эҳтимолии амали террористӣ рӯзи 22 март дар Маскав бо истифода аз шиканҷа алайҳи онҳо ғайриқобили қабул аст. Арзиши эътирофе, ки бо ин роҳ ба даст оварда шудаааст, ба ҳама маълум аст”.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳори умедворӣ кард, ки ҷониби Тоҷикистон интизор дорад, ки тафтишоти ҳамлаи террористии рӯзи 22 март дар Маскав беғаразона ва одилона сурат мегирад.

Ёдрас мекунем, ки чор нафар гумонбарони амали террористӣ бо аломатҳои возеҳи шиканҷа ба толори додгоҳ оварда шуданд - яке бо гӯши бурида, дигарӣ бо пораи бастае дар гардан ва сеюмӣ дар аробачаи маъюбӣ. Дар рӯйи онҳо осори зиёди захм аз лату кӯб ба назар мерасид. Дар ин бора ҳам ВАО-и Русия ва ҳам хориҷӣ навишта буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.