Соли нави хониш дар Тоҷикистон оғоз шуд. Барои хонандагони синфи якум ва волидонашон ин як озмоиши ҷиддист. Волидони синфи 1-ум бояд чиҳоро донанд ва ба кадом масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то ки онҳо таҳсилро маҷбурӣ ва бори гарон эҳсос накунанду бо шавқу завқ ва хушнудӣ ба мактаб раванд? Дар ин бора ба “Азия-Плюс” омӯзгори синфҳои ибтидоӣ бо собиқаи тӯлонии корӣ Ниссо Ҷӯракулова изҳори назар кард.
Чӣ тавр падару модарон метавонанд кӯдаконро ба шароити нав мутобиқ созанд?
Мутобиқшавии ҳар як кӯдак ба мактаб баъд аз кӯдакистон як стресси ҷиддӣ аст, ҳатто агар кӯдаки шумо хеле зиёд ба таҳсил хоҳиш дошта бошад ҳам. Оғози таҳсил дар мактаб ҳаёти кӯдаки ҳафтсоларо ба таври куллӣ тағйир медиҳад. Муҳити нав, одамони нав, тарзи нави зиндагӣ – ҳамаи ин барои ӯ ношинос аст, аз ин рӯ, хонандаи синфи якум ба кумаки падару модар ниёз дорад.
Дар навбати аввал, онҳо бояд якҷо бо кӯдак аз аввали моҳи август реҷаи нави рӯзро муқаррар ва тибқи он амал кунанд, то ки кӯдак ба он одат кунад. То ки ӯ мухолифат нишон надиҳад, лозим аст, ки ӯро ба ин кор ҷалб намоед. Масалан, коғазу қалам ва фломастерҳои ранга харида, якҷоя реҷаи рӯзро бо тасвир тартиб диҳед. Кӯдак бояд ба бедоршавӣ дар соати 6-и саҳар, наҳорӣ кардан, ба мактаб омодагӣ дидан одат кунад, то ки дар соати 7:30 аллакай дар ҷамъомади пеш аз дарси мактаб ҳозир шавад. Ва дар соати 21:00 хоб кунад, то ки қувваашро барқарор намояд.
Мактаб ҳам аз ҷониби худ ёрӣ мерасонад, то ки кӯдак мутобиқ шавад. Ҳоло дар бисёр муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таҷрибае ҷорӣ шудааст, ки дар давоми ду ҳафтаи моҳи август хонандагони синфи якум ғайрирасмӣ ба мактаб мераванд. Кӯдакон дар шакли бозӣ бо омӯзгор ва ҳамсинфон шинос мешаванд, ба онҳо қоидаҳои мактаб фаҳмонида мешаванд, экскурсия баргузор мегардад. Агар пештар ҳолатҳоеро мушоҳида мекардем, ки кӯдакон дар рӯзҳои аввали таҳсил аз тарсу ҳарос ва сардаргумӣ гиря мекарданд, ҳоло чунин ҳодисаҳо дида намешаванд.
Барои тайёр кардани вазифаи хонагӣ хонандагони синфи як бояд чӣ қадар вақт сарф кунанд?
Ба ҳисоби миёна вақти ҷудошуда барои иҷрои вазифаи хонагӣ 45 дақиқа аст, ҳадди ниҳоӣ – як соат.
Ин вақт барои мустаҳкам кардани маводи омӯхташуда дар мактаб кофист. Агар кӯдакро бештар аз ин маҷбур кунед, ӯ ба зудӣ аз таҳсил дилгир мешавад.
Пас аз тайёр кардани вазифаи хонагӣ, бо кӯдак бозӣ кардан ва ӯро ҳавасманд кардан лозим аст. Агар волидон ӯро танҳо ба таҳсил маҷбур кунанд, хавфе вуҷуд дорад, ки ӯ аз таҳсил тамоман дилмонда мешавад.
Оё барои хонандагони синфи 1 хоби рӯзона зарур аст?
Албатта. Зеро хонандагони синфи як ҳанӯз кӯдаканд ва ҳоло ба кори зиёди фикрӣ одат накардаанд.
Кӯдакон дар мактаб хаста мешаванд, бинобар ин, пас аз баргаштан аз дарсҳо ва хӯроки нисфирӯзӣ, беҳтар аст, ки ҳадди аққал як соат истироҳат ва хоб кунанд. Аз ҳама бештар хоб дар ин маврид хуб аст.
Хонандаи синфи як чӣ қадар метавонад телевизор тамошо кунад ва аз компютер истифода барад?
Барои пешгирии мушкилоти биноӣ, системаи асаб ва дигар мушкилоти саломатӣ, истифодаи пайвастаи гаджетҳо, компютер ё телевизор набояд аз бист дақиқа зиёд бошад.
Дар ҷараёни дарсҳо дар мактаб низ тахтаҳои интерактивӣ ва проекторҳоро истифода мебарем, аммо истифодаи онҳо аз меъёрҳои иҷозашуда зиёд нест.
Вазни ҷузвдони хонандаи синфи як бояд чӣ қадар бошад?
Вазни ҷузвдон (сумка) бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти мактабӣ набояд аз якуним килограмм зиёд бошад. Дар акси ҳол, ҷузвдони мактабӣ ба бори тоқатфарсо барои сутунмуҳраи кӯдак табдил меёбад. Падару модар бояд ба ин ҷиддӣ диққат диҳанд.
Дар таҷрибаи ман ҳолатҳое буданд, ки падару модар ба ҷузвдони кӯдак барои мабодо тамоми китобу дафтарҳоро мегузоштанд, ҳарчанд ду дафтар ва ду китоб кофӣ буд.
Оё лозим аст, ки ба кӯдак барои бо худ ба мактаб бурдан хӯрок дод?
Додани хӯроки сабук ба мактаб номатлуб аст, зеро онҳо кӯдаканд ва метавонанд пеш аз хӯрдан шустани дастонашонро фаромӯш кунанд. Субҳ кӯдак бояд хӯроки серғизо истеъмол кунад, зеро дар мактаб онҳо ба кори фикрӣ машғул мешаванд.
Одатан, хонандагони синфи як ҳамагӣ ду-се дарс дошта, онҳо то соати 11:00 анҷом меёбанд, бинобар ин, онҳо метавонанд пас аз дарсҳо дар хона хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд.
Аммо кӯдаконе ҳастанд, ки субҳ иштиҳо надоранд, ҳарчанд волидонашон маҷбур кунанд ҳам. Дар ин ҳолат, ба кӯдак метавон як қуттии начандон калон бо банан, себ, йогурти нӯшокӣ дод. Дар акси ҳол, хатари беҳуш шудани кӯдак вуҷуд дорад. Инчунин гуруснагӣ метавонад ба омӯзиш ва азхудкунии кӯдак таъсири манфӣ расонад.