Рӯзи 14-уми сентябр дар Маркази фарҳангии "Бохтар" (Бактрия) дар Душанбе китоби нави Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон, ки гулчини ғазалиёти ӯро дар бар мегирад, таҳти унвони “Хонаи дарё” бо ҳузури зиёиёву ҳаводори шеъри тоҷик ва меҳмонон аз Русия, Озарбойҷон, Эрон ва Ҳоланд рӯнамоӣ шуд.
Гулрухсор дар ин маросим гуфт, ки “Хонаи дарё” 350 ғазали гулчини ашъорашро фаро мегирад, ки онҳо дар 50 соли охир навишта шудаанду барои таҳияи китоби мазкур дастикам 5 сол заҳмат кашидааст.
Дар маҳфил, аз ҷумла, сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, мунаққид ва муҳаррири китоб Абдураҳмони Абдуманнон, бастакори маъруф Толибхон Шаҳидӣ ва нависанда Гулсифат Шаҳидӣ, дипломат ва шоир Назруллоҳи Назар, шоира Раъно Зоирдухт ва дигар чеҳраҳои илму адабу фарҳанг ширкат ва суханронӣ карданд.
Гулрухсор гуфт, ки “дар замони ҷавонии мо ғазал намегуфтанд, шеъри нав мегуфтанд. Аммо вақти бурдани тобут шеъри нав кор наомад, вақти арӯсӣ бо шеъри нав базм ороста нашуд. Зеро шеъри нав шеъри сангар аст. Ҳамин аст, ки шеъри суннатӣ, яъне ғазал ба рӯзгори мардуми мо баргашт”.
“Шеъри сафед, ё худ шеъри нав, дар инкори сабк ва шаклҳои арӯзии шеъри дерошно чанде пешрав шуд, аммо ин ғолибият дер давом накард. Вақт собит кард, ки на ҳар нав асил, на ҳар кӯҳна бекора аст. Шеъри нав худро рӯнамоӣ намуд, аммо ба завқи хонандаи нозпарвари шеъри асилу комил расида натавонист. Шеъри арӯзбунёд, аз ҷумла ғазал, боз ҷоҳу мақоми хешро дарёфт”, - таъкид кард шоир.
Дар ин баробар, Гулрухсор гуфт, ки “танҳо ба хотири ғазал “ғазал гуфтан” ва саҳифаи сафедро сиёҳ кардан шуғлест носавоб, корест аз бекорӣ” ва барои таъйиди андешааш афзуд, “бузурге гуфта буд, ки шеър гуфтугӯйи инсон бо худост, вале ба назари ман гуфтани чизе ки нест - шеър аст”.
Гулрухсор гуфт, ки адабиёти тоҷик шоирони бузург зиёд дорад, бинобар ин, завқи мардуми тоҷик баланд аст.
“Ман шоири шумо шуда, ҷазо гирифтам. Шоири шумо будан ҷазост. Зеро дар сатҳи шумо ва барои шумо шеър гуфтан душвор аст”, - гуфт Гулрухсор.
Ин шоири тоҷик гуфт, ки номи маҷмаа аз ин ғазали “Агар дидори ман хоҳӣ, биё бар хонаи дарё” гирифта шудааст ва ҳар он касе мехоҳад Гулрухсорро шиносад, ба китоби “Хонаи дарё” рӯй оварад.
Гулрухсор яке аз барҷастатарин шоирони муосири тоҷик аст ва бо шеърҳои пурэҳсос ва амиқи худ шуҳрат ёфтааст. Ӯ барои саҳми арзандааш дар адабиёти тоҷик бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ сарфароз гардидааст. Осори ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфият пайдо кардааст.
Ёдовар мешавем, ки Гулрухсор барои посдорӣ ва ба ҳам пайвастани форсизабонон имсол барандаи ҷоизаи байналмилалии “Қанди порсӣ” шуд ва он моҳи марти имсол дар Душанбе ботантана ба шоири тоҷик супорида шуд.
Тоҷикон мошини сайёҳони чехро таъмир мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Дуои марди коҳил”
Тақдири замини “Зелёний бозор” чӣ шуд? Чаро то имрӯз дар ҷойи он иншооте насохтаанд?
Ба ВМКБ ангишт бо нархи дастрас ва кумак барои ниёзмандон фиристода шуд
Як корманди Додгоҳи вилояти Суғд ба қаллобӣ муттаҳам шудааст
Раиси парлумони Эрон ба Тоҷикистон меояд. Ҳадафи сафари Муҳаммадбоқир Қолибоф чист?
Бар асари “Covid-19” гирифторони диабети қанд зиёд шудааст. Боз кадом бемориҳо баъди он афзоиш ёфт?
Намояндаи Тоҷикистон метавонад беҳтарин футзалисти Осиё шавад?
Соли 2025 раёсат дар ИДМ-ро Тоҷикистон ба дӯш мегирад
Даромаду хароҷоти сокинони Тоҷикистон дар зарфи 8 соли ахир чӣ гуна тағйир ёфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста