Имрӯз, 1-уми октябр Акбар Турсон, академик ва донишманди шинохтаи тоҷик 85-сола шуд. Мавсуф яке аз олимони бисёрфанне аст, ки дар соҳаҳои гуногун, ба монандӣ фалсафа, физика, фарҳангшиносӣ, шарқшиносӣ даст зада, корҳои илмиву тадқиқотии мондагор анҷом додааст.

“Азия-Плюс” дар арафаи зодрӯз ба дидори Акбар Турсон рафт ва перомуни нақши зиёиён дар замони муосир, дифоъ аз шахсиятҳои миллӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва рӯзгори имрӯзаи ин олими тоҷик суҳбат кард.

 

Зиёӣ кист?

- Чандест, ки мафҳуми зиёӣ миёни ҷомеа мавриди баҳс қарор дорад. Ба фикри шумо зиёӣ кист ва ин истилоҳ чӣ таъриф дорад?

- Зиёӣ бояд пеш аз ҳама худшинос бошад. Худшинос аз нигоҳи фардӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Яъне, ман ва ҷомеа. Ман чӣ кор кунам, ки ин ҷомеа дар қатори ҷомеаҳои пешқадами замона, ба мисли Фаронсаву Олмон қарор бигирад.

- Бо кадом меъёрҳо зиёиро фарқ карда метавонем. Бо андеша, бо диплом ва ё бо мавқеъ?

- Зиёӣ ҳамон нафарест, ки андешаи интиқодӣ ва саводи хуб дорад. Ба ҷуз ин аз ҷиҳатҳои харобкунандаи миллӣ ё ба қавли Айнӣ аз “хислатҳои нанговар” холӣ бошад. Намунаи шахси зиёӣ Лоиқу Қаноат буданд.

- Маъмулан бо зиёиён кадом касбу кор доранд?

- Касбу кори гуногун доранд. Барои зиёӣ будан диплом, касб, ихтисос лозим нест. Ҳар нафаре, ки худшинос аст ва дилаш барои миллаташ, давлаташ, ҷомеааш месӯзад, метавонад зиёӣ бошад.

- Баъзеҳо мегӯяд, дар Тоҷикистон бо шумули муаллимон, кормандони соҳаи маориф, хидматчиёни давлатӣ, ходимони театру синамо ва домуллоҳо, маҷмаан беш аз 300 ҳазор зиёӣ зиндагӣ мекунад. Шумо бо ин андеша розӣ шуда метавонед?

- Не, дар ин ҳисобу китоб асосан диплом ба назар гирифта шудааст, вале ҳар касе ки соҳибдиплом аст, зиёӣ нест. Ҳеҷ касе каси дигарро гуфта наметавонад, ки ту зиёӣ ҳастиву вай зиёӣ нест. Вале андеша, ҷаҳонбинӣ, мавқеъ ва амалкард нишонаҳои зиёӣ мебошад.

Мо ҳоло ҳудуди 300 зиёӣ ҳам надорем.

- Дар ҳамин ҳол, бархеҳо дар чеҳраи зиёӣ нафари эътирозгар ва ба ин ё он назар мухолифро мебинанд ва гуфта мешавад, ки ин дидгоҳ дар солҳои 1980-ум дар Тоҷикистон ҳам шакл гирифта буд. Шумо чӣ шарҳ доред?

- Ин дидгоҳи формалӣ аст ва наметавон ҳар бесаводеро, ки ба ин ё он назар мухолиф аст, ҳамчун намунаи зиёӣ нишон дод. Зиёӣ бояд барои интиқодаш консепсия ё замина дошта бошад.

Акбари Турсон
Акс аз Asia-Plus

- Чаро аксар аҳли зиёи кишвар бетарафиро пеша кардаанд ва барои муҳити солими фарҳангиву иҷтимоӣ сохтан нақши чашмрас надоранд?

- Ин вазъ хатарнок аст. Аксари зиёиён мавқеи рӯшан доранд, вале аз тарс мавқеашонро намегӯянд.

- Пас мо метавонем онҳоро зиёӣ гуем?

- Не, чунин нафарон зиёӣ нестанд, балки зидди зиёӣ ҳастанд.

 

Олиме надорем, ки...

- Баҳси шахсиятҳои бартари тоҷиконро аз они худ муаррифӣ кардани халқҳои дигар дар замони шӯравӣ доғ буд ва он ҳамоно идома дорад. Ба фикри шумо, чаро аз миёни садҳо зиёӣ ва донишмандони тоҷик кам кас ба ин масъалаи мубрам таваҷҷӯҳ мекунад?

- Мо олиме надорем, ки ба муддаиёни шахсиятдузд мушти дандоншикан зада тавонад. Бисёрашон метарсанд, ки аз шахсиятҳое чун Бобоҷон Ғафуров дифоъ кунанд. Бархеашон савод ҳам надоранд, ки барои дифоъ чизе гӯянд ё нависанд.

Акбар Турсон дар Академияи миллии илмҳо
Акс аз Asia-Plus

- Аслан, аз рӯйи кадом меъёр муайян кардан мумкин аст, ки фалон шахсият ба фалон халқият рабт дорад? Профессор Абдунабӣ Сатторзода бар ин назар аст, ки “маҳсули кадом фазо ё муҳити адабию илмию фарҳангӣ ва маҳсули кадом андешаи илмию адабӣ ва фарҳангӣ будан” дар ин маврид меъёр мебошад. Шумо чӣ назар доред?

- Сатторзода то ҷое дуруст мегӯяд. Мо ба таври бояду шояд перомуни олимону шахсиятҳои дар давру замонҳои гуногун доштаамон пажӯҳиши илмӣ анҷом надодаем ва ҳамин маҳак мешавад, ки бо гуфтори бофтаву сохта халқу миллатҳои гуногун даъвои шахсиятҳои мо мекунанд.

- Ҳоло Сино, Берунӣ ва Ганҷавӣ ҳам аз ҷониби баъзе туркзабонон шахсиятҳои ин халқият муаррифӣ мешаванд. Дар ин баробар, борҳост, ки дар як кишвари хамсоя ба шахсияти устод Айнӣ тавҳин мекунанд. Ба ин масоил кӣ бояд посух диҳад?

- Боз ҳам мегӯям, ки наметавонанд, савод нест. Ҳамин академик шудаҳоро бубинед, аксарашон бесаводанд, номашонро базӯр менависанд. Академия ба ном ҳаст, дар воқеият нест. Манро 90% олимони ҷомеашиноси Академия чашми дидан надоранд. Рӯирост намегӯянд, аммо агар фурсат ёбанд –буғзи дилашонро мекафонанд.

- Чаро устод?

- Барои рашки ваҳшиёнаи ихтисосӣ.

 

“Мо миллат шуда натавонистем”

- Вақтҳои ахир мафҳумҳои “миллат” ва “халқият” аз сӯи донишмандон гуногун шарҳ дода мешаванд. Шумо гуфта метавонед, ки ин ду мафҳум чӣ шарҳ доранд?

- Дар ин ҷо мафҳуми “қавм”, “халқ” ва “миллат” се дараҷа ҳаст ва зина ба зина ҳамдигарро пурра мекунанд. Як вақт мафҳуми нав - “ғояи миллӣ” - пайдо шуд. Як адабиётшиноси Академия ҳамин мафҳумро “андешаи миллӣ” гуфт. Аммо ӯ шарҳи вожаи андешаро намедонист. Андешаро устод Айнӣ “фикри тарснок” мегӯянд. Ба фикри ман ҳам, ҳамин “фикри тарснок” ё “такондиҳанда” аз қавмият ба халқият ва аз халқият ба миллият мерасонад.

Дар хусуси мафҳуми миллат агар хулоса кунем. Мо миллат набудем ва шуда ҳам натавонистем. Мо дар замони Сомониён ба миллат шудан сар кардем, аммо дар айни шукуфоӣ ин давлат барҳам хӯрд. Бинобар ин, ҳамон замон мо давлатро аз даст додем, чунки ташаккулдиҳандаи миллат давлат аст. Мо дар дуроҳаи бечорагӣ мондем...

 

Ҳувияти миллӣ чист?

- Мафҳуми “ҳувияти миллӣ”-ро дар шароити муосир чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Ҳувияти миллӣ маҷмӯи хусусиятҳо, арзишҳо ва анъанаҳоест, ки як миллат ё гурӯҳи этникиро муайян мекунад ва онро аз дигарон фарқ мекунонад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ ҳамчун омили муҳими нигоҳдории фарҳанг ва худшиносии як миллат боқӣ мемонад. Аммо дар айни замон бо таъсири равандҳои ҷаҳонӣ тағйир меёбад.

Акбари Турсон
Акс аз Asia-Plus

 

“Босмачиён дуздону ғоратгарон буданд”

- Баҳси дигаре, ки муддатҳост доғ аст, босмачиёнгарӣ мебошад. Сайфулло Муллоҷонов, доктори илмҳои таърих, мегӯяд, ки босмачиён барои озодии ватани худ мубориза бурданд ва ҳаргиз “душман” нестанд. Аммо Субҳони Аъзамзод, муҳаққиқи тоҷик, бар ин назар аст, босмачиён “аз ҳисоби дастаҳои қотил ва роҳзан” шакл гирифтанд ва аксаран “пантуркист ва тоҷиккуш” буданд. Шумо бар кадом назаред, босмачиён қаҳрамонанд ё душман?

- Аз босмачиҳо қаҳрамони миллӣ сохтанд. Гӯё онҳо шахсиятҳое будаанд, ки дилашон месӯхт. Онҳо ҳамаашон ғоратгар, дузду авбош буданд. Корҳои инҳоро муҳокима кардани мо маънӣ надорад.

Воқеан, аксари ин дастаҳо тоҷик набуданд, балки туркҳо буданд. Модари ман дар ҳамон солҳо бо чашм дидааст, ки онҳо занҳоро ҷудо карда, дар як гунбаз дар гӯристон ҷой кардаанд. Онҳо хусусан лаққайҳо буданд. Босмачиҳо моро аз кӣ муҳофизат кардааст? Аз русҳо? Не, русҳо ба мисли онҳо хона ба хона нагаштаанд-ку. Русҳо дар шаҳрҳои калонашон, дар гарнизонҳои худашон буданд.

- Сарфи назар аз ин, дар ҳамон шабу рӯз ононе, ки китобдор буданд, пайгирӣ мешуданд, бештари уламои мо китобҳояшонро таги хок карданд ё сӯзониданд. Ба ин кӣ гунаҳкор аст?

- Не, аслан ин кори худи тоҷикон буд. Миёнаравҳое, ки ба русҳо хабар мебурданд, худи тоҷикҳо буданд. Аз рӯи тарсу воҳима тоҷикон китобҳоро нобуд карданд. Айби худамонро бар сари дигарон бор кардан лозим нест.

- Ба фикри Шумо кадом китоб дар бораи босмачиён кирои хондан мекунад?

- Китобҳое, ки перомуни босмачиҳо дар замони Шӯравӣ навишта шуданд, бар зидди босмачиҳо ҳастанд. Саропо онҳоро сиёҳ кардаанд. Инро аз рӯйи такомули худатон бар мекашед, ки сиёҳро аз сафед фарқ кардан тавонед, Баъдан тасмим мегиред, то кадом китобро мутолиа кунед. Муҳимтарин унсури китоб онро хондан нест, балки дарк карда тавонистан аст.

- Чанд кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Қазоқистон як гурӯҳ “босмачиён”-ашонро сафед карданд. Оё “босмачиён”-и Тоҷикистон ҳаққи сафедшавӣ доранд?

- Не, ин кор тоҷиккушӣ аст...
Акбар Турсон
Радиои Озодӣ

 

Баргашт ва гурез аз худшиносии миллӣ

- Баргардем ба сари ҳувияти миллӣ. Ба андешаи баъзе рӯшанфикрон, ҳувияти миллии тоҷикон аз солҳои 70-ум ва ба вижа замони бозсозӣ авҷ гирифт. Аз ин фазо чӣ гуна ёд меоред ва дар давоми ин солҳо чӣ заминаҳо гузошта шуданд?

- Бале, солҳои 70-80-уми асри гузашта замони бедории миллӣ ва бедор шудани ҳувияти миллӣ буд. Дар ин солҳо зиёиёне ба мисли Муъмин Қаноату Лоиқу Бозор, бо сарварии Мирзо Турсунзода тавонистанд дар фазои адабии Тоҷикистон таҳаввулот кунанд. Дар ин росто забони тоҷикӣ ахири солҳои 80-ум мақоми давлатӣ гирифт. Аммо ҳамон вақте ки ин қонун дар рагу пайи миллати тоҷик шарён нагирад, мо ба худшиносии комил намерасем...

Акбари Турсон ва Чингиз Айтматов
Акс аз бойгонии Акбари Турсон

 

Ҷанги шаҳрвандӣ таҳмилӣ набуд

- Аммо муҳаққиқон иддао мекунанд, ки ҳамин бедории миллат дар солҳои 70-90-ум гӯё сабаб гардид, ки ҷанги шаҳрвандиро ба сари тоҷикон таҳмили кунанд. Шумо ҳамчун зиёии он солҳо ба ин андеша чӣ гуна бархӯрд мекунед?

- Ҷанги шаҳрвандиро таҳмилӣ нагӯед, ин камоли бесаводӣ аст, инро “қаҳрамонон”-и ҷанг барои худро сафед кардан гуфтанд. Ин суханро аъзоёни Ҳизби демократ гуфтанд. Як нафарашон мегуфтанд, ки “моро ленинободиҳо ҷанг андохтанд” ва боз гуфтанд, ки гӯё “пушти онҳо ӯзбекҳо будаанд, ӯзбекҳо моро ҷанг андохтанд”.

Мо агар дар маҳалҳо бо ҳамдигар ҳисси бадбинӣ намедоштем ва агар ин ҷанг решаи маҳалгароӣ намедошт, аз дараи Варзоб он тараф намерафт. Чун решаи маҳалгароӣ дошт - оташ гирифт.

- Оё зарурати навиштани таърихи ҷанги дохилӣ мавҷуд аст ва кӣ метавонад инро воқеъбинона бинависад?

- Бале, ҳаст ва ман метавонам. Таърихи ҷанги дохилиро зина ба зина дар мақолаҳоям навиштаам, ки таҳмилӣ набуд. Минбаъд ҳам менависам.

 

Ба тоҷикшиносӣ машғулам

- Акбари Турсон кист? Файласуф, шарқшинос, фарҳангшинос ё физику математик?

- Фарҳангшинос. Ман ҳозир ба тоҷикшиносӣ машғул ҳастам. Аз равоншиносӣ то таърихи фарҳангии тоҷикон.

- Чӣ боис шуд, ки аз физикаю математика ба фалсафа, шарқшиносӣ, фарҳангшиносӣ рӯй овардед?

- Пеш аз ҳама физикаю математика ба ташаккули тафаккур таъсир мерасонад. Инҳо ба ман кӯмак карданд, ки тафаккури дақиқ дошта бошам. Дар Институт (Пажӯҳишгоҳ) ягона директор будам, ки кори илмии дигаронро мехондам. Вақте 4 институтро муттаҳид карда, ба ман супориданд, аз рӯзи аввал ба ман душман шуданд...

- Ҳоло аз Академия ва пажӯҳишгоҳҳои он Шуморо суроғ мекунад?

- Не, ҳеҷ кас намепурсад.

Акбар Турсон бо наздиконаш
Акс аз бойгонии Акбар Турсон

- Ормони миллӣ барои Акбари Турсон чист?

- Оне, ки нест! Пеш аз ҳама эътибор медиҳам ба сифати ахлоқӣ, барои ин мавқеъ лозим аст. Барои ман беҳтарин сифати ахлоқ ин дилсӯз будан аст. Яъне, ахлоқ, дилсӯзӣ ва мавқеъ метавонад ором созад.

- Дифоъи Шумо аз Бобоҷон Ғафуров то ба ҳол аз хотирҳо зудуда нашудаааст ва ба қавле “дандоншикан” ҳам буд. Ахиран перомуни Бобоҷон Ғафуров ва Муҳаммад Осимӣ китоби “Аз қаъри гили сияҳ”-ро навиштед. Ба чӣ хотир аз шахсиятҳои миллӣ ҳамвора дифоъ мекунед?

- Шогирди сазовор надоранд онҳо, ки аз осорашон, аз гуфтаҳояшон, аз дидгоҳашон дифоъ кунанд. Ҳарду маро ба ҳайси шогирд қабул доштанд. Ман ҳам худро шогирди онҳо меҳисобам.

- Оё аз баргаштан аз Амрико пушаймон нестед?

- Не! Лоиқ мегӯяд, ки магар “хато рафта аз тоҷик таваллуд шуданам”. Аммо бо ин ҳама дилам ба миллатам месӯзад ва мехоҳам барои миллатам коре анҷом бидиҳам.

- Агар ҳозир дар Академияи илмҳо мебудед, чӣ чизро тағйир медодед?

- Ҳамаашро иваз мекардам. Аз мактаби миёна то мактаби олӣ кадом предметҳоро дарс додан лозим аст ва тамоми сохтори онро.

- Гуфта будед, ки китобҳои “Ҳикмати таърихи тоҷик” ва “Шарқзадагӣ”-ро менависам. Тақдири онҳо чӣ шуд?

- Ҳардуро дастхат кардаам, вале чоп нашудаанд.

- Вақтҳои охир ба чӣ кор машғулед?

- Ҳоло тоҷикшиносиро давом медиҳам, чунки фикру андеша бисёр аст.

- Аз корномаи худ розиед?

- Не. Одам табиатан 100 фисад розӣ буда наметавонад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.