Толори пуршукӯҳи Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дирӯз шоҳиди ҷашни бошукӯҳе буд - 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии чеҳраи дурахшони санъати тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев таҷлил гардид.

Толор аз меҳмонон пур буд - чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунар, ҳамкасбон, шогирдон ва мухлисони сершумори санъати театр ва синамо. Ҳузури ходими шаҳири давлатӣ Низорамо Зарипова, ки имрӯз беш аз сад солро пушти сар кардааст, ба маҳфил рӯҳияи хосае бахшид.

Барнома бо суханҳои самимии муовини шаҳрдори Душанбе Дилбар Одилзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён оғоз ёфт ва онҳо ҳунармандро ба муносибати ним аср фаъолияташ таҳният гуфтанд.

Аммо қисмати аз ҳама ҷолиби ин шаб намоишномаи ҳаҷвие буд, ки дар шакли "мурофиаи судӣ" пешниҳод гардид.

 

Обид Назариён ва Дилбар Одилзода ҳунармандро табрик мегӯянд

Додгоҳи ҳунарӣ "гуноҳ"-ҳои ҳунармандро баррасӣ кард

Толори театр ногаҳон ба як толори додгоҳи ғайриоддӣ мубаддал ёфт - бо мизи "додрас", ҷойгоҳи "айбдоршаванда" ва "шоҳидон". Дар нақши "айбдоршаванда" худи Асланшоҳ Раҳматуллоев қарор дошт - ҳунарманде, ки дар тӯли 50 - соли фаъолияташ даҳҳо "ҷиноят"-и ҳунарӣ содир кардааст.

"Парвандаи ҷиноӣ" бо ҳаҷву киноя ва истиораҳои аҷиб пур буд. "Муфаттишон" бо ҷиддияти сохта саволҳои хандаовар медоданд: "гилеми паррон куҷо шуд?", "чаро мурғи беморро хӯрдед?", "чаро даъвои шоҳӣ кардед?", "чаро аз гуноҳи дигарон гузаштед?".

Ҳар "иттиҳом" дар асл ишора ба як нақши дурахшони ҳунарманд дар тӯли фаъолияти тӯлониаш буд. "Шоҳидон" бо усули ҳаҷвӣ ба чизҳои аҷиб қасам мехӯрданд, ки дар додгоҳ шаҳодати бардурӯғ намедиҳанд:

  • "Ба 752 китоби Ҳошим Гадоев қасам!" - ишора ба фаъолияти пурсамари ҳунарпешаи маъруф;
  • "Ба театри Убайдулло Раҷабов қасам!" - эҳтиром ба ҳунарманди номдор, ки поягузори Театри Оина аст;
  • "Ба оинномаи Театри Оина қасам!" - киноя ба расмияти театр, ки ин ё он намоишнома "ба оиннома мувофиқ нест";
  • "Ба "камераҳои 4К ва 8К", саҳна ва пардаи театр қасам!" - нишони бузургии саҳнаи театр ва чашмони бинанда.

Дар ин "мурофиа" ҳунармандон тавонистанд бо маҳорати баланд ва зарофати хос на танҳо корномаи бойи эҷодии Асланшоҳ Раҳматуллоевро нишон диҳанд, балки мушкилоти мавҷуда дар низоми тафтишотӣ ва додгоҳиро низ танқид кунанд.

Дар ниҳоят, алайҳи Асланшоҳ Раҳматуллоев "ҳукм" содир шуд: то охири умр дар Театри Оина кор мекунад ва тӯли 50 соли оянда ба филмҳо ҷалб мегардад.

1/8

 

Таҳсин аз ҷониби ҳамкасбон

Пас аз ин, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ортиқ Қодиров бо ифтихори хос лаҳзаҳои кори муштаракашонро дар намоишномаи "Қиссаҳои аҷибу ғариб" ёдовар шуд - замоне ки Раҳматуллоев нақши Кадушоҳро ва худи ӯ вазири ин подшоҳи ҳаҷвиро иҷро мекарданд.

Ҳунармандони чор театри пойтахт - Лоҳутӣ, Маяковский, Аҳорун ва Ҷавонон бо намоишномаҳои ҳаҷвӣ баромад карданд. Ҳар як саҳна гӯё порчае аз зиндагиномаи эҷодии қаҳрамони шаб буд, ки бо маҳорати хос пешкаши тамошобинон гардид.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, бо ёдоварӣ аз нақшҳои дурахшони Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синамо, таъкид кард, ки ин нақшҳо дар таърихи синамои тоҷик абадӣ боқӣ хоҳанд монд.

Сафар Ҳакдодов

 

"Беҳуда ба дунё наомадаам"

Лаҳзаи фаромӯшнашаванда суханронии худи қаҳрамони маҳфил буд. Асланшоҳ Раҳматуллоев бо чашмони пур аз ашки шодӣ изҳор дошт:

"Имрӯз, вақте муҳаббати беандозаи мардумро мебинам, мечашам ва аз он лаззат мебарам, бо боварии комил метавонам бигӯям - ман беҳуда ба дунё наомадаам ва умрамро бар бод надодаам".

Шаби эҷодии Асланшоҳ Раҳматуллоев намунае аз эҳтиром ба ҳунар ва ҳунарманд буд. Дар ҳоле ки дар замонаи мо басо кам аз ононе ёд мекунанд, ки умри хешро сарфи хидмат ба халқу меҳану ватан кардаанд.

Ин шаби эҷодӣ исботи он буд, ки санъати театр дар Тоҷикистон на танҳо зинда аст, балки метавонад бо шеваҳои нав ва эҷодкорона масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеаро инъикос намояд.

Барои онҳое, ки мехоҳанд бештар дар бораи ин ҳунарманди нотакрор бидонанд, ёдовар мешавем, ки чанде пеш ба муносибати 70-солагиаш бо нашрияи "Азия-Плюс" мусоҳибаи муфассале анҷом дода буд. Онро дар ин пайвант метавонед мутолиа кунед: Асланшоҳ Раҳматуллоев: Бояд ҷавонони боистеъдодро нигоҳ дорем ва аз ҳунарашон истифода барем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.