Арабистони Саудӣ дар давраи сеюми лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” барои 1000 ятим дар Тоҷикистон беш аз 1,4 миллион доллар ҷудо мекунад. Маблағгузорӣ давоми 12 моҳ идома мекунад ва ба ҳар як ятим ҳар моҳе 100 доллари амрикоӣ ёрии молӣ дастрас мегардад. Ин маблағ аз сӯйи "Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон" расонида мешавад.

Имрӯз,15-уми апрел дар шаҳри Душанбе дар як гирдиҳамоӣ фаъолияти ду марҳилаи аввали лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” муҳокима гардид.

Дар ин гирдиҳамоӣ  Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Баҳодур Қурбониён, дабири кулли Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дигар коршиносон иштирок доштанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба 1000 ятим аз 900 оила дар минтақаҳои Бохтару Кӯлоб, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар давоми як сол ёрии молӣ расонида мешавад, ки ҳаҷми умумии ин ёриҳо 1 миллиону 416 ҳазору 963 долларро ташкил медиҳад.
Акс аз Asia-Plus

Ҳадафи лоиҳаи мазкур расонидани кӯмаки молиявӣ ба нимятимон ва ятимон аз хонаводаҳои камбизоат ва бедаромад мебошад. Ин тарҳро "Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон" амалӣ мекунад.

Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Шоҳигарии Арабаистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки лоиҳаи нав марҳилаи сеюм буда, аз ин пештар дар марҳилаи якум ба 500 ятим дар ҳаҷми $720 000 ва дар марҳилаи дуюм ба 600 ятим $812 000 кӯмак расонида шудааст.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки ба ятимон дар баробари кӯмаки молӣ, инчунин, дарсу омӯзишҳои ройгони касбомӯзӣ, тамринҳои варзишӣ, дастгирии  равонӣ ба ятимон ва оилаҳои сарпарасти онҳо ва дигар машғулиятҳо гузаронида мешавад. 

Дар назар аст, ҳамчунин, дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ба ятимон ва оилаҳои онҳо 30 доллари ИМА кӯмакпулӣ дода шавад.

Маълум нест, ки тақдими кӯмакпулиҳо аз кай оғоз мешавад. Дар чорабинӣ зикр шуд, ки ҳоло қарордоди тарҳ омода гардида, дар Форуми гуманитарии чаҳорум, ки дар Ар-Риёз баргузор мешавад, ба имзо мерасад.

Бояд гуфт, ки 4-уми феврали соли 2020 миёни Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи шоҳ Салмон, лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” созишнома ба имзо расида буд.

Дар умум, дар ду марҳилаи аввали тарҳи мазкур ба 1100 ятим ба маблағи беш аз 1,5 миллион доллар кӯмак расонида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.